Дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён Алимардонов Ф., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳритус Сатторова Р. ва намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Давлатов С. бо шаҳрвандоне, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар менамуданд, корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаҳои муҳими риояи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби қонунии будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда, инчунин навгониҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва эҳтироми қонун маълумоти муфассал пешниҳод гардида, таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни будубош дар хориҷи кишвар бояд қонунҳои давлати иқоматро қатъиян риоя намуда, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва робита бо гурӯҳҳои тундрав худдорӣ намояд.
Дар анҷоми суҳбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар бо талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия шинос гардида, ҳангоми ба миён омадани мушкилот ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Чунин корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар хориҷи кишвар мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

