Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Чаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ гузаронида истодааст.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Гулхона деҳаи Навбунёд доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ва хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба модар ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, вохурӣ гузаронида шуд.
Дар рафти суханрони кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд, суханронӣ намуда ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

