Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали муқовимат бо коррупсия қадамҳои устуворона гузошта, то имрӯз зина ба зина пояҳои арзишҳои демократиро мустаҳкам гардонида истодааст.
Коррупсия аз зуҳуроти барои давлату ҷомеа зараррасон мебошад, ки боиси коҳиши равандҳои гуногуни тараққиёт мегардад.
Албатта, барои мубориза алайҳи коррупсия фаъолияти дастҷамъона муҳим аст.
Имрӯз пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Воқеан, бар нафъи зиндагии шоистаи мардум аст, ки муқовимати шадидро дар ин самт ҳар як шаҳрванд ба роҳ монад, то дар ҳамҷоягӣ он решакан гардад.
Таваҷҷуҳи бештар нисбат ба бартарафкунии ҳолатҳои коррупсионӣ дарак аз он медиҳад, ки давлат барои беҳбудии ҳаёти мардум қадамҳои устувор дорад. Ва ҳар шахс бояд бо виҷдони пок ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин росто муборизаи беамон барад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе