Дар шаҳри Хоруғ курси сайёри такмили ихтисоси кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ба анҷом расид.
Курси мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо мақсади иҷрои Нақшаи гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа дар соли 2026, ки бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025, №129 тасдиқ гардидааст, ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар давоми курс шунавандагон донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии худро такмил дода, бо масъалаҳои марбут ба фаъолияти хизматӣ ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират шинос гардиданд.
Дар ҷамъбасти курс ба шунавандагони бомуваффақият хатмнамуда шаҳодатномаҳои хатми курси такмили ихтисос тақдим карда шуданд.
Баргузории курси мазкур ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии кормандони Хадамоти муҳоҷират, таҳкими иқтидори кадрӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳа мусоидат менамояд.
Муассиса ба хатмкунандагон дар фаъолияти минбаъдаи касбиашон комёбиҳо орзу менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

