Дар ноҳияи Ашт бо мақсади пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои оиладорӣ ва таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, аз ҷониби Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи иттилоотии “16 рӯзи фаъолият алайҳи хушунат” оғоз гардид.
Дар оғози маърака намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, Хадамоти муҳоҷират, шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, маориф ва дигар иштирокчиён ҳузур дошта, вобаста ба ҳадафу вазифаҳои маърака андешаронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки хушунат дар оила яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешгирии он ҳамкории муштараки тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа зарур мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пешгирии хушунати хонаводагӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳтироми ҳамдигар ва роҳҳои муроҷиат ба мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки маъракаи “16 рӯзи фаъолият алайҳи хушунат” минбаъд низ дар ноҳия бо баргузории суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳои иттилоотӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ идома ёфта, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ равона карда мешавад.
Ҳадафи асосӣ — бунёди оилаи солим, ҷомеаи бехатар ва зиндагии орому осуда барои ҳар як зану духтар мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

