Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти замони муосир ба шумор меравад, ки боиси нигаронист.
Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки бо мақсади халалдор сохтани ҳаёти мардум бо роҳҳои гуногун барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш мекунанд.
Қобили қайд аст, ки терроризм ва экстремизм дар миқёси ҷаҳон бениҳоят паҳн гардида, ба амнияти кишварҳо ва минтақаҳои гуногун бевосита таҳдид намуда истодааст.
Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони ноогоҳи мо низ ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, ҳаёти худро талх намуда истодаанд.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ҷамъияти шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Аз ин рӯ, мубориза бо ин «вабои аср» натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад.
Имрӯз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост.
Моҳияти масъала дар он аст, ки баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намуданӣ ҳастанд.
Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд.
Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро тарбия намоем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе