• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маърифати ҳуқуқӣ – кафили эъмори давлати ҳуқуқбунёд

Migration Service by Migration Service
19.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маърифати ҳуқуқӣ – кафили эъмори давлати ҳуқуқбунёд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани  истиқлоли давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро ҳадафи хеш қарор доданд ва чунин асоси сохтори давлатӣ дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш намуда истодаанд, ки ин ҳадафи дар пеш гузошта шуда ҳар чӣ зудтар татбиқ карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир бо назардошти ду омили муҳим – хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи либералӣ-демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлатдории демократии худро устувор мекунад. Давлати ҳуқуқбунёд бошад он давлатеро гуфтан мумкин аст, ки дар он ҳуқуқ ҳамчун падидаи дар шуӯри ҷамъиятӣ таърихан инкишофёбанда эътибор дошта, онро омили вусъатдиҳандаи демократия, озодӣ ва адолат эътироф мекунад. Мафҳуми “давлати ҳуқуқбунёд” онро ифода менамояд, ки дар он фаъолияти ҳам давлат бо сохторҳояш ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошанд. Давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои онро дорад, ки ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама ба Конститутсия тобеъ мебошад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, танҳо дар ҳолати доштани дониш ва маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва риояи дурусти талаботи қонунгузорӣ мумкин аст.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон маҳсуб мешавад.

Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ин масъаларо ба таври ҷиддӣ арзёбӣ намуда, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.

Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар баробари мустаҳкам намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд, ин дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯза, аз қабили пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Дар баробари ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ барои ҳарчӣ бештар коҳиш додани сатҳи фасод низ дар ҷомеа шароит фароҳам меояд.

Баҳри дарки маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки шаҳрвандон истилоҳи ҳуқуқро дуруст дарк намоянд. Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи “ҳуқуқ” дар он аст, ки шахс то мафҳум, моҳият ва муҳтавои ҳуқуқро дарк нанамояд, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ӯ ба ҳадафҳои  маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад.

Яке аз ҳадафҳо дар раванди болобарии маърифати ҳуқуқӣ ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти онҳо мебошад, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст.

Асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ҳамин замина Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои худ бо аҳолии кишвар ҷиҳати тарбияи дурусти ҷавонон пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд. Бинобар ин, маърифати ҳуқуқӣ метавонад як омили муҳимми оини худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва заминаи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд бошад.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 тақозо менамоянд, ки тамоми аҳолии кишварамон бояд ба масъалаи донишҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърифати ҳуқуқии худро боло баранд ва дар эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳм гузоранд.

Ахмедов Мустақим,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

Previous Post

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан!

Next Post

Истиқлолият ва ҷавонон

Next Post
Истиқлолият ва ҷавонон

Истиқлолият ва ҷавонон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.