Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро ҳадафи хеш қарор доданд ва чунин асоси сохтори давлатӣ дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш намуда истодаанд, ки ин ҳадафи дар пеш гузошта шуда ҳар чӣ зудтар татбиқ карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир бо назардошти ду омили муҳим – хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи либералӣ-демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлатдории демократии худро устувор мекунад. Давлати ҳуқуқбунёд бошад он давлатеро гуфтан мумкин аст, ки дар он ҳуқуқ ҳамчун падидаи дар шуӯри ҷамъиятӣ таърихан инкишофёбанда эътибор дошта, онро омили вусъатдиҳандаи демократия, озодӣ ва адолат эътироф мекунад. Мафҳуми “давлати ҳуқуқбунёд” онро ифода менамояд, ки дар он фаъолияти ҳам давлат бо сохторҳояш ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошанд. Давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои онро дорад, ки ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама ба Конститутсия тобеъ мебошад.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, танҳо дар ҳолати доштани дониш ва маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва риояи дурусти талаботи қонунгузорӣ мумкин аст.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон маҳсуб мешавад.
Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ин масъаларо ба таври ҷиддӣ арзёбӣ намуда, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.
Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар баробари мустаҳкам намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд, ин дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯза, аз қабили пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Дар баробари ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ барои ҳарчӣ бештар коҳиш додани сатҳи фасод низ дар ҷомеа шароит фароҳам меояд.
Баҳри дарки маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки шаҳрвандон истилоҳи ҳуқуқро дуруст дарк намоянд. Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи “ҳуқуқ” дар он аст, ки шахс то мафҳум, моҳият ва муҳтавои ҳуқуқро дарк нанамояд, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ӯ ба ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад.
Яке аз ҳадафҳо дар раванди болобарии маърифати ҳуқуқӣ ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти онҳо мебошад, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст.
Асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ҳамин замина Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои худ бо аҳолии кишвар ҷиҳати тарбияи дурусти ҷавонон пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд. Бинобар ин, маърифати ҳуқуқӣ метавонад як омили муҳимми оини худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва заминаи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд бошад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 тақозо менамоянд, ки тамоми аҳолии кишварамон бояд ба масъалаи донишҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърифати ҳуқуқии худро боло баранд ва дар эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳм гузоранд.
Ахмедов Мустақим,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара