• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – омили муҳими мустаҳками ҷомеа

Migration Service by Migration Service
23.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – омили муҳими мустаҳками ҷомеа
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маърифати ҳуқуқӣ, дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши муҳим ва асосиро мебозад. Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз он гувоҳи медиҳад, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳии комил доштанашон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Маърифати баланди ҳуқуқии хуб инкишофёфтаи шахс, асосӣ ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад.  

Муҳимияти маърифати ҳуқуқӣ дар он аст, ки набудани саводнокии ҳуқуқӣ натанҳо ба ғайриимкон гардидани ҳимояи ҳуқуқҳо таъсир мерасонад, балки боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ мегардад ва муҳимияти ин масъала дар он ифода меёбад, ки риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моил нагардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тафаккури баланди зеҳнӣ махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.

Мавҷудияти низоми мустақили қонунгузорӣ, рушди доимии соҳаҳои ҳаёти кишварро таъмин намуда, яке аз омилҳои асосии инкишофи давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳама гуна муносибатҳо дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда мешавад.

Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд.

Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ аз маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахс бармеояд. Ҳамин аст, ки файласуфи Юнони қадим Арасту дар ин бора чунин менависад: «Инсоне, ки агар бидуни қонун ва адолат зиндагӣ мекунад, хатарноктарин ҷонвар аст».

Маърифати ҳуқуқӣ – ин дар ҷомеа паҳн кардани дониш дар бораи ҳуқуқ ва тавзеҳи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, инчунин амалияи татбиқи онҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани боварӣ ба зарурати риояи қонунҳо дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Маърифати ҳуқуқиро – яке аз шаклҳои муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ муайян мекунад, ки бо ёрии маърифати ҳуқуқӣ метавон ба шуур таъсир расонда, тарзи муайяни тафаккур, фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул дод.    

Маърифати ҳуқуқӣ имрӯз на танҳо фаъолияти махсус ташкилшудаи давлат ва ҷомеа, балки ҳамчун самти мустақили сиёсати давлат амал карда, бо дар назардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки яке аз шартҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум аст.

Аксарияти аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бетаваҷҷӯҳи зоҳир менамоянд, ки ин аз паст будани дониши ҳуқуқӣ дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, талаботи замони муосир аст, ки бо мақсади бартараф намудани ин камбудии ҷомеа, яъне бе аҳамиятиву норасоии дониши ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муттаҳидӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъияти зарур аст.

Ин вазифаи натанҳо давлат, балки тамомӣ аъзои ҷомеа мебошад.

Бинобар ин бояд ҳамаи мо дар ин самт бетараф набошем ва то қадри имкон тамоми дониш, малака, таҷриба, неру ва имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳое, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд, равона намоем.

Қобили зикр аст, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила низ оғоз гардад. Тибқи маълумоти оморӣ, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Маҳз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд.

Бешубҳа талаботи мазкур, пеш аз ҳама ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиаш равона гардидааст.

Дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввулӣ ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ, беш аз ҳар вақти дигар бо сабру таҳаммул бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бо маърифат аст ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Previous Post

Конститутсия қонуни асосӣ ва баёнгари ҷомеаи демократӣ

Next Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Спитамен

Next Post
Чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Спитамен

Чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Спитамен

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.