• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маърифати комил мебояд

Migration Service by Migration Service
24.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маърифати комил мебояд
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Сиёсат – низоми идеалии идоракунии давлат буда, тартиб ва иҷрои идораву робитаи давлатро ба уҳда мегирад. Тавре таърих шаҳодат медиҳад, вайроншавӣ ва шикасти давлат ва миллат натанҳо бо сабаби ҳуҷуму забти як миллат бо дигар миллат, балки зери ҳуҷуми афкорӣ ба сиёсати давлат аз дохили он низ равиш мегирад.

Ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамчун “вирус” дар сатҳи амнияти давлат ва бехатарии мардуми он мебошад. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мақсади аз дохил, давлат, миллат ва асосан ҷавононро ба нобудшавӣ равона сохтан доранд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ махсус ҷавонон ба ҳизбҳои иртиҷоӣ тарғиб карда мешаванд?

Ҷавонон ё худ насли нав асоси аввалиндараҷаи рушд ва инкишофи давлат, ҳаракат, мавҷи интишор, қувваи беҳудуди ҳар халқ ба ҳисоб меравад. Ин сабаби муҳими вобаста кардани ҷавонон ба ҳизбҳои ғайрисиёсӣ мебошад, ки то ҳол мубориза бар зидди ин амал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давом меёбад.

Баъзе аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ чунин аст: Аввал, ҳисси нобоварӣ ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “Мо акнун дар замони хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд.

Дуввум, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад.

Сеюм, рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва ғайра.

Чорум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа.

Панҷум, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷойи кор, манзил, камбизоатӣ ва дигар омилҳои зиёде, ки ба ин амали нохуш меоварад.Тибқи маълумот 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон ба таҳрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиёти ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ қарор карда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст.

Баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ чанд фикр пеши назар меояд, ки боиси даст назадани онҳо ба амалҳои номатлуб шуда метавонад, ки инҳоянд: баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ, тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад, истифодабарии бештар аз воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо баҳри тарғибу ташвиқи маълумоти дақиқу амиқ оид ба мақсаду ҳадафи ҳизбҳои ғайриқонунӣ, муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву варақаҳои тарғиботӣ омода кардан, то таълим гирифтани ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо, ихтисору маҳдуд кардани олами интернет барои ҷавонон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.

Имрӯзҳо шабакаи интернет мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.

Яке аз омилҳои қавии пешгирии ҷавонон аз корҳои ғайриқонунӣ ин ба даст овардани маърифати комил ва илм мебошад. Зеро танҳо ганҷинаи илму маърифат барои шахс метавонад аслиҳаи ношикаста аз нодонӣ, гумроҳӣ ва бефарҳангию камбизоатӣ бошад.

Юсупов Анвар,

Корманди бахши робита бо ҷомеа

Previous Post

Терроризм ин кирдори бераҳмона

Next Post

Пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.