• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад

Migration Service by Migration Service
15.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Баъди ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самти пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020” қабул карда шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар фарди ҷомеа

Next Post

Идомаи вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Идомаи вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Идомаи вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.