Субҳи 6-уми июни соли 2026 кормандони Хадамоти муҳоҷират бо мақсади баргузор намудани чорабинии оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва теренкур – роҳгардии саломатӣ, таҳти унвони “Миллати ҷисман солим – руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо роҳнамоии устодони варзиш-кормандони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона варзиши пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.
Дар барномаи варзишии мазкур кормандони Хадамоти муҳоҷират бо дилгармӣ, рӯҳияи солим ва табъи болида иштирок карда, аз фазои тозаву озодаи Пойтахти азизамон, бахусус набототи сабзу гулпуш, гулгаштҳои сангфаршу шинами Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷавонон баҳравар гардиданд.
Чунин чорабиниҳо барои таҳкими саломатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва тақвияти ҳамбастагии дастаҷамъӣ мусоидат намуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
