Санаи 17 июни соли 2026, дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкурро сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Файзализода Сафаралӣ кушода, дар идома вобаста ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ,ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 35-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад. Тоҷикистони азизи мо давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
