Тоҷикистон ватани ободу озоди ҳар шаҳрванди он аст. Мо, тоҷикон солҳои вазнину сангинеро аз сар гузаронидаем, ки дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ сар зада буд. Он замон даҳҳо ҳазор нафар қурбони ҷаҳолат шуда буданд.
Маҳз тавассути расидан ба сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат кўшиш намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум камари ҳиммат бастем.
Мутаассифона ҳарчанд мо, тоҷикон он рўзҳои вазнинро паси сар намудем, аммо хатари ҷиддию номатлуби дигаре бо ном терроризми байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро таҳдид мекунад. Терроризм ва экстремизм имрўз ба яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир мубаддал гашта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни олам доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.
Аз ҷумла, дар кишвари мо низ чунин ташкилот ТТЭ ҲНИ мутаассифона, дар солҳои 90-ум боиси саршавии ҷанги таҳмилӣ гардида, сабабгори нооромӣ ва саргардонии мардум шуд.
Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз замоне, ки бунёд ёфт, ба ҷуз ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯйӣ, дигар коре барои давлату миллати тоҷик накардааст. ТТЭ ҲНИ бо истифода аз номи дини мубини Ислом барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ, бо фиребу найранг афродеро ба сӯи худ фирефта карданд. Ин нафарони фурӯхташуда бошанд, нанг ба номи миллату ислом оварда, дар ватани маҳбубамон ҷангу хунрезӣ намуданд, ки нобахшиданист, зеро ҳеҷ ватандўст теша бар решаи худ намезанад. Имрӯз ТТЭ ҲНИ дар қатори ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ шомил гардида, мехоҳад, ҷомеаи орому осудаи кишварро ноором созад.
Мо, шаҳрвандони кишвар ҳеҷ гоҳ дари умедро ба рўямон нахоҳем баст. Ҳамагон дастҷамъона кўшиш менамоем, ки фазои мамлакати азизамон ҳамеша тинҷу осуда, мардумаш шод ва сарзамини биҳиштосоямон обод бошад.
Барои ин ҳама аз як гиребон сар бароварда, яке бо меҳнати фидокорона, дигаре бо дониши амиқ, саввумӣ бо ақли расою чаҳорумӣ бо забони хуш барои обод гаштани ватани соҳибистиқлоламон ҳаракат мекунем. Ҳамчун омўзгор ваъда медиҳем, ки насли ояндаи давронро дар руҳияи меҳанпарастиву худогоҳӣ, сарфаву сариштакорӣ, дўст доштани меҳан, омўхтани илму адаб, аз худ намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем.
Ба ҷавонон талқин намоем, ки ба ҷойи машғул шудан ба корҳои беҳудаву нишастан дар шабакаҳои иҷтимоии бесуд аз гаравидан ба гурўҳҳои номатлуб канораҷўӣ намоянд ва ба ҷои он ба китобхонӣ машғул шаванд, истеъдоди худро барои дарёфти ихтирои нав сарф намоянд, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намоянд ва муаррифгари худу Ватан бошанд.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират