Савдои одамон имрӯз яке аз ҷиноятҳои хатарнок ва ташвишовари фаромиллӣ ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама ба арзишҳои олии инсон, яъне шаъну шараф, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ таъсир мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб дар солҳои охир доманаи васеъ пайдо намуда, ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз, муқовимат ба ин ҷинояти зиддиинсонӣ имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ гардида, барои пешгирии он тадбирҳои мушаххаси ҳуқуқиву ташкилӣ амалӣ карда мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониву мулоқотҳояшон пайваста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷомеа ва муқовимат ба ҳар гуна шаклҳои истисмор ва ҷинояткорӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон тадбирҳои пайгирона меандешад. Бо дарназардошти афзоиши таҳдиди ин ҷиноят ва оқибатҳои вазнини иҷтимоиву иқтисодии он ҳанӯз 15 ноябри соли 2000 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон, бахусус занон ва кӯдаконро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин санади муҳими байналмилалиро 15 декабри соли 2000 ба имзо расонидааст.
Дар доираи татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ин ҷиноят ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 130 — «Савдои одамон» ворид гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои чунин кирдорҳо пурзӯр намуд.
Қадами муҳими дигар дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» дар соли 2019 мебошад. Қонуни мазкур заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии қурбониён, расондани кумаки тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқиро муайян мекунад.
Имрӯз дар мамлакат Комиссияи миллии муқовимат ба савдои одамон фаъолият менамояд, ки фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг месозад. Ҳамзамон, марказҳои махсуси кумак ба қурбониёни савдои одамон таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо ба зарардидагон ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ расонда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки истисмори ҷинсӣ яке аз шаклҳои маъмултарини савдои одамон ба ҳисоб меравад. Хусусан, занони ҷавон ва духтарони ноболиғ бештар осебпазир мебошанд. Онҳоро бо ваъдаи кори муносиб, таҳсил ё никоҳҳои сохта фиреб дода, баъдан ба ғуломии ҷинсӣ маҷбур месозанд. Дар баробари ин, кӯдакон низ қурбонии одамрабоӣ гардида, барои меҳнати вазнин, гадоӣ ва ё ҷалб намудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ истифода мешаванд.
Мутаассифона, имрӯз савдои одамон дигар танҳо як ҷинояти алоҳида набуда, он бо дигар намудҳои ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла қочоқи муҳоҷирон, истисмори меҳнатӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба шабакаҳои фаромиллӣ иртиботи зич дорад. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо истифода аз вазъи душвори иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ноогоҳии ҳуқуқии баъзе қишрҳои ҷомеа одамонро фиреб дода, онҳоро ба намудҳои гуногуни истисмор ҷалб менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қурбониёни савдои одамон бештар ба меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ, гадоӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ водор карда мешаванд. Аз ин рӯ, муқовимат ба савдои одамон танҳо мубориза бо як ҷиноят набуда, балки қисми муҳими таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари чораҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳо низ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои дахлдор қабул гардида, дар доираи он корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ, хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа мунтазам роҳандозӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани хатари савдои одамон, роҳҳои муҳоҷирати бехатар ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ин чунин аксияҳо оид ба пешгирии савдои одамон пайваста тақвият дода мешаванд. Зеро танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ метавон пеши роҳи чунин ҷиноятҳои хатарнокро гирифт.
Алишоев Ф,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор

