Бинобар сабаби рушди тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва вусъати тоза пайдо намудани мавзӯъ ва масъалаҳои геополитикӣ, кишварҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки дар ин ҳама бархӯрд чолишҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ самти фаъолияти сиёсати давлатии хешро пурзӯр намоянд.
Ин ҳама талошҳо бар ду самти асосӣ нигаронида шудааст: аввал ин, ки фарҳангу маънавиёт ва арзишҳои миллиро ҳифз намуд ва сипас барои муаррифии бештари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдомҳои шоистаро роҳандозӣ намуд, то дар ин ҷараён истодагарӣ карда тавонӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ робитаи ҳамаҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон густурда, «сиёсати дарҳои боз»-ро интихоб намуд.
Аз ин ба баъд чун як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ барои муаррифии давлат ба оламиён ташаббус ва ибтикороти башардӯстона ва хайрхоҳонаро амалӣ намуд.
Дар ин асно ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фарҳанги баланди ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.
Некӯаҳволии мардум ҳадафи олии роҳбарияти ҷумҳурӣ (чор ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат) ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Имрӯзҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе