Дар миқёси ҷаҳонӣ коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба шумор рафта, ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии ҳар як давлат эътироф гаштааст.
Ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда вазифаи ҳар як фарди баору номус ва бовиҷдон ба шумор меравад.
Рӯзмарра ва мубрам будани ин масъаларо ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешида истодааст.
Бидуни шубҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба болоравии шиддати коррупсия дар кишвар иттилоъ дошта, борҳо таъкид намудааст, ки раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
«Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад.
Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».
Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ин амалҳои номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз як чанд чораҳои амалӣ андешида шудаанд.
Аз ҷумла, санаи 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шудааст, ки ҳамчун мақомоти махсусгардонидашуда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлати дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия пайваста кушиш ба харҷ дода, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷахониро ба ташвиш овардааст.
Зеро, он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрую нуфузи миллат ва давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи чомеаро коста мегардонад.
Ҳазорсолаҳост, ки инсоният бар зидди ин вабо муборизаи беамон бурда, чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда истодаанд, ки 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд.
То ба имрӯз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ин хатар эмин нест, бо назардошти муҳиммияти Ковенсияи мазкур яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз соли 2006 онро ба тасвиб расонида, Парламенти кишвар соли 2008 онро тасдиқ намуда, шомили Конвенсияи мазкур шудааст ва нуқтаҳои муҳими он қадам ба қадам дар кишвари мо амалӣ шуда истодаанд ва меъёрҳои он қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар гардидааст.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ, роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳимияти проблемаҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи афзалиятнок ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.
Аз ҷумла, Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» соли 1999, таҳия ва қабули Қонуни мазкур дар таҳрири нав дар соли 2005, қабули Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳост, ки ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар амал татбиқ шудаанд ва ин раванд идома дорад.
Коррупсия – яке аз ҳодисаҳои манфуртарини ҷомеаи муосир ба шумор меравад.
Мушкилоти падидаи мазкур дар фаҳми моҳият ва хосиятҳои он душвориҳои зиёд ворид месозад.
Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва ҳокимони дигар бо мақсади бойшавии шахсӣ ва ғаразҳои дигар амалӣ мегардад.
Аммо чунин фаҳми коррупсия муносибати сатҳӣ буда, асли масъаларо фаҳмонда наметавонад ва дар бисёр ҳолатҳо барои дарки амиқи он иштибоҳҳои мухталиф ба миён меорад.
Зиёд гаштани омилҳои коррупсионӣ яке аз сабабҳои ба амал дигар ҳаракату амалҳои тезу тунд шуда метавонанд.
Аз ҷумла, таҳлил ва хулосагириҳои ҳодисаҳои мушаххаси террористӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии террористон бо коррупсионерон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст.
Хусусиятҳои гуногуни коррупсияро ба инобат гирифта, мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд барои муборизаи самараноки зидди он чораҳо андешанд.
Гуногунии хусусиятҳо талаб менамояд, ки муносибат нисбати заминаҳо, сабабҳо, омилҳо ва оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ мушаххасан муайян гардад.
Ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон яке аз омилҳои пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.
Муваффақ гардидан дар мубориза бар зидди коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат гардида, аҳли ҷомеаро саодатманд мегардонад.
Аз ин рӯ, аз мардуми сарбаланди тоҷик, ба хусус ҷавонони баору хушиқбол ва саодатманди Тоҷикистони азиз даъват ба амал меорам, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд.
Зеро бетарафӣ – бешарафист!
Шоиброҳимзода Ҳабиба,
сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират