• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Муқовимат бо терроризму экстремизм вазифаи ҳар як узви ҷомеа

Migration Service by Migration Service
24.07.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм вабои ҷомеа аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир солҳои охир ба зуҳуротҳои номатлуби глобалие рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли онҳо мушкилоти зиёдеро пешрӯи давлатҳо қарор додааст.

Яке аз ин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеаи имрӯз, ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст пайдо шудани терроризму экстремизм ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид ба амал оварданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба он водор месозад, ки барои пурқувват намудани иқтидори мудофиавӣ саҳмгузор бошем.

Инчунин, тамоми кормандони сохторҳои дахлдорро мебояд, ки ҷиҳати шомил нагаштани шаҳрвандони кишвар мунтазам тадбирҳо андешида, ба таблиғоти дурӯғини мубаллиғони бисту нуҳ ташкилоту ҳизбҳои террористӣ-экстремистие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, роҳ надиҳем.

Тибқи мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо ҷиҳати пешгирии ин омилҳои номатлуб нақши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиё ва дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро месазад, ки ҷиҳати ҳалли ин масоил иқдомҳои ҷиддиро рӯи кор бигиранд.
Бояд тазаккур дод, ки мубаллиғони ташкилотҳои хатарзои ҷомеа башар бештар ба ҷавонони соддаву худноогоҳ такя менамояду онҳоро ба доми хеш мекашанд. Сипару яроқи асосии онҳо тафсири бардурӯғи дини мубини ислом аст.

Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки терроризм ба ягон дин робитае надорад ва фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ нашаванд.

Барои мо аён аст, ки ҳолати имрӯзаи баъзе аз мамлакатҳо ҷомеаи ҷаҳониро беш аз ҳарвақта ба ташвиш овардааст.

Инсоният барои пешгирии он такя ба андеша менамояд ва суханҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ин масъала ҳамеша ба маврид мебошад. Пирӯзӣ ба терроризм танҳо бо истифода аз нерӯи низоми ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки аз он маншаъ мегирад, бояд муайян ва пурра бартараф карда шавад.

Ташвиқот ва гузаронидани сӯҳбатҳои судманд миёни мардум имконият медиҳад, ки сатҳи донишҳои сиёсию фарҳангии мардуми кишвар боло равад ва дар баробари тарғиботу ташвиқотҳои идеологии миссионерҳои гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ мардум бо андешаи солим роҳи дурустро интихоб намоянд.

Имрӯзҳо на танҳо мардуми мо, балки тамоми сокинони сайёра зери хатари куштору даҳшатафканиҳои террористон қарор доранд.

Мусалллам аст, ки имрӯз тариқи маҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма дар ҷаҳон вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст.

Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, махсусан шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.
Дар ҳақиқат амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои террористӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

Имрӯзҳо фаъолияту иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати пешгирии ин омилҳои номатлуб бесобиқа мебошад ва маҳз ин иқдомот аст, ки рӯз то рӯз қонунгузорӣ дар ин самт мустаҳкам гардида истодаанд.

Инчунин, таҳлилҳо ва мушоҳида нишон медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб саҳми ниҳодҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои марбут назаррас мебошад.

Маҳз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм на танҳо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои марбута, балки ҳар як узви ҷомеаро месазад, ки алайҳи ин зуҳуроти мубрам иқдомҳои ҷиддиро рӯи кор гиранду дар ин самт саҳмгузор бошанд.

Оқилӣ Камол Толибзода,
директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Вохӯрӣ бо оилаҳои муҳоҷирони экологии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Next Post

Ба ифротиён нафрат дорем

Next Post
Терроризм вабои ҷомеа аст

Ба ифротиён нафрат дорем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.