Омӯзиши таърихи терроризм нишон медиҳад, ки ин зуҳурот дар аввал хусусияти инфиродӣ дошт, дар марҳалаи кунунӣ, он хусусияти гурӯҳӣ пайдо кардааст.
Шакли аввалааш бо маҳдуд будани теъдоди иҷрокунандагони амалҳои террористӣ, шакли дуюмаш бо террори оммавӣ тавсиф мешуд.
Чунонки ҳодисаҳои охири асри ХХ ва аввали асри XXI нишон медиҳанд, дар ҷаҳони муосир зӯроварии оммавӣ нисбат ба аҳолии осоишта бартарӣ дорад.
Мақсади дар аҳолӣ ба вуҷуд овардани тарсу ҳаррос, расонидани таъсири равонӣ ба мафкураи шаҳрвандони осоиштаро надошт.
Террори инфиродӣ чун воситаи муборизаи сиёсӣ воситаи канории дидаву дониста нест кардани ҳариф ё душмани нисбатан нерӯманд ва пурзӯр буд.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои зиддибашарӣ хислати ҷаҳонӣ гирифта, торафт шаклҳои гуногун касб мекунанд.
Дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва афзоиши муташаккили таҳдидҳои фаромарзӣ осебпазирии ҷомеаҳо эҳсос мешавад.
Чунин зуҳуроти номатлуби аср, яъне, терроризму ифторгароӣ метавонад ба сарнавишти ҳар миллате дар сайёра хатарҳои воқеиро дар ҳар шакл бештар созад.
Дар масъалаи мубориза бо терроризм ва дигар хатарҳои ба он вобаста дар ҷомеаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи шоиста ва нақши фаъол дорад.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мавқеи хешро мушахасс сохта, пешниҳодҳои худро аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъала то имрӯз ироа мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19-уми сентябри соли 2017, аз минбари баланд аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд, изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.
Аз таъкидҳои Сарвари давлати мо бармеояд, ки воқеан имрӯз сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.
Кишварҳои олам ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ ба нақши Тоҷикистон дар мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баҳои баланд додаанд.
Ҳамин аст, ки дар пойтахти мамлакати мо шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба тадбирҳои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои ҳалли раҳоӣ аз чунин мушкилот бо иштироки давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва доираи васеи коршиносону сиёсатмадорон баргузор мегарданд.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи муқовимат бо терроризм як қатор қонуну санадҳои муҳим Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, тасдиқ карда шуда, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе