Муҳоҷирати меҳнатӣ барои бисёр шаҳрвандон имконияти пайдо намудани ҷойи кор, беҳтар намудани шароити зиндагии оила ва таъмини ояндаи фарзандон мебошад. Аммо дар баробари ин имкониятҳо, муҳоҷирон метавонанд бо хатарҳои гуногун, аз ҷумла ҷалб шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, таъсири таблиғоти террористӣ ва қурбонии савдои одамон гардидан рӯ ба рӯ шаванд.
Дар шароити имрӯза экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи таҳдидҳое мебошанд, ки пешгирии онҳо муносибати пайгирона ва ҳамкории дастаҷамъиро тақозо мекунад. Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба ғояҳои хатарнок ҷалб кунанд. Вобаста ба ин, шаҳрвандон, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд аз ҳар гуна даъвату пешниҳодҳои шубҳанок ҳушёр бошанд, маълумоти паҳншавандаро аз сарчашмаҳои боэътимод санҷанд ва аз иштирок дар фаъолияти ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
Бо мақсади тақвияти фаъолият дар ин самт, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тасдиқ шудааст. Татбиқи ҳадафҳои стратегияи мазкур ба таҳкими корҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор дар пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.
Дар баробари пешгирӣ, масъалаи барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии шахсоне, ки дар гузашта ба фаъолияти экстремистӣ ё террористӣ иртибот доштаанд, низ аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин маврид махсус барномаҳои давлатии барқарорсозӣ ва реинтегратсияи чунин шахсон тасдиқ ва дар марҳилаи татбиқ қарор дода шудааст. Ин самт ба фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти чунин шахсон ба ҳаёти осоишта, дастгирии иҷтимоӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва пешгирии такрори рафтори хатарнок алоқаманд мебошад.
Масъалаи дигари нигаронкунанда дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ савдои одамон мебошад. Ваъдаи кори сердаромад, маоши баланд ва сафар бо хароҷоти кам метавонад аз ҷониби миёнаравони қаллоб барои фиреб додани шаҳрвандон истифода шавад. Дар натиҷа, баъзе шахсон ба меҳнати маҷбурӣ, маҳдуд шудани озодӣ ва дигар шаклҳои истисмор дучор мегарданд.
Бо мақсади тақвияти муқовимат ба ин падида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025 “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2027” тасдиқ шудааст. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои истисмор, муайян намудани хатарҳо ва тақвияти ҳамкории мақомоти дахлдор аҳаммияти калон дорад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар бояд маълумоти корфармо ва миёнаравро санҷида, шартҳои кору музди меҳнатро дақиқ намоянд, нусхаи ҳуҷҷатҳои худро нигоҳ доранд ва аз супоридани ҳуҷҷатҳои аслӣ ба шахсони ношинос бе асоси қонунӣ худдорӣ кунанд. Ҳамчунин, донистани қоидаҳои будубош дар кишвари қабулкунанда ва роҳҳои муроҷиат барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ зарур аст.
Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, пешниҳоди маълумоти боэътимод дар бораи талаботи қонунгузории муҳоҷират ва огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Пешгирии саривақтӣ метавонад шаҳрвандонро аз фиреб, истисмор ва ҷалб шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҳифз намояд.
Муҳоҷирати бехатар танҳо сафар кардан ба кишвари дигар нест, балки донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо, эҳтиёткорӣ ва қобилияти шинохтани хатарҳо низ мебошад. Ҳамкории дастаҷамъона барои пешгирии экстремизм, терроризм ва савдои одамон заминаи муҳим фароҳам меорад. Ҳар як қадами огоҳона ва қонунӣ метавонад ба ҳифзи амнияти шахсӣ, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи оилаҳо мусоидат намояд.
Алимардонов Фаридун,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

