• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза айлаҳи зуҳуроти номатлуб

Migration Service by Migration Service
18.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз падидаҳои экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Ин вабои аср кишварҳои зиёдро фаро гирифта, суботу амнияти ҷомеаҳои муосирро зери хатар қарор додааст. Давлатҳои ҷаҳон талош доранд бо ин зуҳуроти хатарзо муборизаи ҷиддии сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бетараф набуда, экстремизм ва терроризмро аз масъалаҳои доғи рӯз медонад. Ҳукумати кишвар пайваста шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки аз амалҳои номатлуби зиддибашарӣ канора гиранд ва ба роҳи донишандӯзиву худогоҳӣ қадам гузоранд. Зеро сабаби асосии шомилшавии афрод ба ҳаракатҳои ифротӣ, маҳз набудани дониши кофии динию дунявист.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиҳати пешгирии чунин равандҳои хавфнок бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста ва ҳамаҷониба сурат гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари татбиқи тадбирҳои мушаххаси зидди экстремизм ва терроризм, ҷомеаи байналмилалиро низ ба муттаҳидшавӣ дар ин самт даъват мекунад.

Бо вуҷуди ин, дар бархе кишварҳо терроризм ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад, ки хеле хатарнок аст. Аз ин рӯ, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, бояд аз тамоми захираҳо ва имкониятҳо истифода бурда шавад.

Мутаассифона, баъзе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба минтақаҳои ҷангзада рафтаанд. Аксари онҳо ҷавононеанд, ки аз маърифати динии дуруст бархурдор нестанд. Барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо, зарур аст, ки ҳама сохторҳои ҷамъиятӣ, таълимӣ ва оилавӣ якҷо амал намоянд ва тарбияи насли навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва донишу маърифат ба роҳ монанд.

Имрӯз роҳу воситаҳои таъсиррасонии гурӯҳҳои террористӣ ба шуури ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои ғайрирасмӣ ва дигар васоити таблиғотӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор кунанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ бо эҳсоси баланди масъулият дастовардҳои Истиқлоли давлатии худро ҳифз намуда, дар ҳамаи самтҳо  аз таълиму тарбия то рушди иҷтимоиву иқтисодӣ — саҳмгузор бошем. Хусусан, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мост.

Хатлони Парвиз,

Директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Фасод ё худ коррупсия вабои аср

Next Post

Ба шаҳвандон тавсияҳои муфид дода шуд

Next Post
Ба шаҳвандон тавсияҳои муфид дода шуд

Ба шаҳвандон тавсияҳои муфид дода шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.