Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири гурӯҳҳои террористӣ дар олам нигарон набошад. Солҳое буданд, ки на терроризму на экстремизмро медонистему на тасаввурот нисбат ба онҳо доштем. Афзудани ин қабил ҷиноятҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст. Тоҷикистон низ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш қарор дорад.
Терроризм шакли ниҳоии хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Дар давоми солҳои охир амалиёти террористӣ ва экстремистӣ доираи васеи мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.
Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст.
Мутаассифона, баъзе шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое пайдо шуда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ месозанд. Гарчанде замона пеш меравад, ҳастанд шахсиятҳое, ки то ҳол мазмуну амали чунин ибораҳо ё хатари оқибати онро сарфаҳм намераванд ва даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд.
Бояд гуфт, ки ибораи терроризм ва экстремизм ҳасту шахсони террорист ва экстремист мавҷуданд. Умуман, ин ду мафҳум ба ҳам пайвастанд. Террорист шахсест, ки аз ҷониби ў ҳамин амалҳои ҷиноӣ ба анҷом расонида мешавад.
Шукр аз он, ки халқи тоҷики меҳнаткаш он нооромию сахтиҳои сиёсиро аз сар гузаронид. Баъди расидан ба марҳалаи пирўзии давлатдорӣ мо вазифадорем, ки истиқлоли давлатӣ, ягонагиву муттаҳидӣ, ваҳдати бадастовардаро муқаддасот дониста, муҳофизат ва эҳтиёт намоем.
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст. Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.
Шарипова Умеда, Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

