Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди экстремизм ва терроризм мусоидат мекунад. Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардида истодааст. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки терроризм ҷинояти махсусан хавфнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Дар муқобили экстремизм ва терроризм аз ватандустӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва оқибат, албатта, пушаймон мешаванд. Барои ин мо бояд ҷавонони имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Бояд донист, ки нафарони ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар таърих сабт хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, инчунин узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кӯтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда, қонунҳою стратегияҳои зеринро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор дод.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Мардуми Тоҷикистон экстремизм ва терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падидаи номатлуб дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ зарур медонанд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон