Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо намояндагони КИ ҲХДТ ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №47-и маҳаллаи Қоқурӣ бо иштироки фаъолони маҳалла ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти судманд доир намуданд.
Дар чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардида буд, расонида шуд.
Зимни баромад сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Муқумов Ашурмаҳмад вобаста бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар ва оиди зӯроварӣ дар оила, даст ба худкушӣ задани занҳо, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Панҷакент, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Бурдани чунин корҳоҳои иттилоотӣ-маърифати дар дигар ҷамоатҳои шаҳри Панҷакент мунтазам идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент