Тибқи дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сокинони шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара мулоқот доир гардид. Дар чорабиниҳо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф иштирок намуда, доир ба қонуну қоидаҳои амалкунанда роҷеъ ба муҳоҷират ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, ки 21 октябри соли 2026 бо таҳрири нав қабул гардидааст, суханронӣ намуд.
Қай гардид, ки муҳоҷират яке аз равандҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, бо шуғли аҳолӣ, таъмини рӯзгори оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва муносибатҳои байналмилалӣ робитаи мустақим дорад. Бо ҳамин мақсад, 21 октябри соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” таҳти №2300 дар таҳрири нав қабул гардид. Агар қонуни пешина асосан масъалаҳои умумии муҳоҷиратро танзим мекард, қонуни нав доираи васеътари муносибатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳаро фаро мегирад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар қонуни нав масъалаҳои қаблан ба таври мустақил дар қонунгузории соҳавӣ инъикоснаёфта низ мушаххас гардидаанд. Дар ҳолати кунунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, омодагии касбӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон пеш аз сафар, муайян намудани мушкилоти муҳоҷирони баргашта, ҳамкорӣ бо корфармоён ва пешгирии ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд тақвият дода шаванд. Муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, шароити меҳнат ва талаботи давлати қабулкунанда маълумоти кофӣ дошта бошад. Дар маҷмуъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” дар таҳрири нав заминаи ҳуқуқии танзими соҳаро васеъ намуда, муносибатҳои муҳоҷиратиро аз доираи масъалаҳои танҳо ташкилӣ ба самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастгирии иҷтимоӣ, диверсификатсияи бозорҳои меҳнат, репатриатсия ва реинтегратсия равона месозад.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори МД “Маркази касбомузонӣ ва хизматрасонии шаҳри Хуҷанд” бо роҳбарият ва кормандони низомии Вазорат ҷамомад гузаронида шуд.
Дар фарҷоми маҷлис ба масъулин супорид дода шуд, ки бо шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони баргашта корбарӣ намуда мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурзур карда шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

