Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Хурмӣ мулоқоти иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, масъулони ҷамоат, фаъолони маҳал ва сокинони деҳа иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии коррупсия, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва оқибатҳои манфии он, аз ҷумла пешгирии ришваситонӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, пешгирии таъсири ақидаҳои ифротгаро ва ҳифзи ҷавонон аз ҷалб шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ таъкид гардид.
Инчунин, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон андешаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба риояи меъёрҳои қонун, масъулиятшиносӣ, зиракии шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ даъват карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, экстремизм, терроризм ва ҷинояткорӣ заминаи муҳим барои таъмини сулҳу субот, амният ва зиндагии осоиштаи ҷомеа мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

