• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи Душанбе

Migration Service by Migration Service
01.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пайваста аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ, расонидани тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамот, ки ба он, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа Розиқзода П., мутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Саидов У., ва мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеа Миралиев М., шомил буданд, бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ мулоқоти судманд баргузор намуданд.

Дар доираи мулоқот ба ҳозирин вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ, инчунин, пешгирӣ кардани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав иброзӣ, назар карданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки Федератсияи Россия кишвари сермиллат буда, садҳо ҳамватанони мо бо меҳнати ҳалол ва софдилона дар ин мамлакат фаъолият мекунанд.

Вале имрӯз созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногуни ин кишвар тухми нифоқ, мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд.

Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ қатъӣ муборизаро идома медиҳад.

Дар ин радиф, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму эктремизм, ва ҷаҳолату хуруфот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, тадбирҳои заруриро мунтазам роҳандозӣ менамояд.

Дар охири мулоқот аз ҷониби муҳоҷирон ба гурӯҳи корӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухи мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон ба диққати шаҳрвандон расониданием, ки шахсоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия парвоз мекунанд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд:

  1. Барои чӣ ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?)
  2. Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға?
  3. Ҷои тасдиқи аниқ дошта бошед, дар ҷойи кор ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст?

Ҳама ҳуҷҷатҳо ва мусофирон бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд! Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони сарҳадчиёни рус гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод кунанд.

Суҳбат бо забони русӣ амалӣ мегардад.

Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Осоиштагӣ аз амният аст

Next Post

Чорабинии судманд доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Next Post
Чорабинии судманд доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Чорабинии судманд доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.