Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо доир мегарданд.
Дар робита ба ин роҳбарияти ноҳияи Файзобод дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рақамҳои 54,28,58 ва 14 бо омӯзгорону хонандагон, фаъолони деҳот ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот намуд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 март баргузор гардид, аз ҷумла иброз намуданд, ки “қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад”.
Дарвоқеъ, ин қонун дар самти сарфаю сариштакорӣ, беҳбуди рӯзгори сокинони мамлакат ва торафт кам шудани хурофоту хурофотпарастӣ саҳми бориз гузошт.
Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хотири фаҳмонидани ҳадафи асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ҳамчунин эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, дар дурдастарин деҳот низ вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд.
Тавре ки Президенти мамлакат баён намуданд:
«Мо набояд фаромӯш намоем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии мамлакат буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд.
Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард, одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар одамон беҳтар шуд».
Ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ободонии диёр, пешгирии қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳм гузорад.
Ситоди ноҳиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадорон, аз ҷумла ходимони динро ба хотири возеҳ фаҳмонидани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, бештар ба мардум масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, тақлиди либосҳои бегона, фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, садди роҳ нашудан дар идомаи таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон ва ҳаҷи умра, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаҳмонанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод