Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир дар Маркази касбомӯзии шаҳри Бохтар бо фаъолон, сокинон ва касбомӯзон мулоқоти судманд доир намуд.
Дар баромади худ муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират қайд карданд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушду тараққиёт қадам гузошта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ростои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо дар арафаи он қарор доранд, бояд аз ҳарвақта дида ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳои дохилӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманду муҳтоҷи ёрӣ ва бунёди иншоотҳои гуногун бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.
Инчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз ҷумла риояи қонунгузории меҳнат, шароити кор ва пардохти музди меҳнат, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо, суханронӣ намуда, ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки он шаҳрвандоне, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Аз ин лиҳоз, тавсия дода шуд, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш менамоем, ки фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас намоед.
Дар доираи мулоқот дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш меоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
