Бо ибтикори МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Мурғоб баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳуқуқшиносӣ маркази машваратӣ Сарваров Рашид ба масъалаҳои марбут ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, риояи талаботи будубоши қонунӣ, омодагӣ ба сафар ва пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон оид ба тартиби истифодаи замимаи мобилии «Амина» маълумот гирифтанд. Зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз 1 сентябри соли 2026 доираи истифодаи замимаи мазкур дар шаҳри Москва ва вилояти он васеъ гардида, он барои бақайдгирии ҷойи зисти категорияҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ба масъалаи пешгирии қаллобӣ ҳангоми расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Россияро доранд, тавсия дода шуд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва шахсони пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо дар самти дарёфти ҷойи кор, тамдиди бақайдгирӣ, гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ эҳтиёткор бошанд.
Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки маълумотро оид ба қоидаҳои сафар, бақайдгирӣ ва будубош дар Федератсияи Россия танҳо аз манбаъҳои расмӣ ва боэътимод дастрас намоянд. Аз ҷумла, метавонанд ба сомонаҳо ва намояндагиҳои расмии Сафорат ва консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин мақомоти салоҳиятдори кишвари қабулкунанда муроҷиат кунанд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳо ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки огоҳӣ аз талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ, омодагии пешакӣ ба сафар, санҷиши ҳуҷҷатҳо ва истифодаи манбаъҳои расмии иттилоотӣ аз омилҳои муҳими пешгирии мушкилот ва таъмини будубоши қонунӣ дар кишвари қабулкунанда ба ҳисоб мераванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

