• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат

Migration Service by Migration Service
25.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нақши Президенти кишвари маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг ва мактабу маориф, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш, бунёди роҳу нақбҳо, берун баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, боло бурдани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат басо афзалиятнок аст.

Ин ва садҳо далели дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бидуни шакку шубҳа Пешвои миллати тоҷикон мебошанд ва дар ин замина Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» низ, ки таҳти № 1356 аз 14 ноябри соли 2016 қабул гардидааст,  иқдоми саривақтӣ буда, эътибори ҳуқуқии олиро касб менамояд ва боз ҳам қадрдонии бештари хизмату заҳматҳои беназири сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос менамояд.

Дастовардҳои беназире, ки дар се даҳсолаи охир барои давлатдорию давлатсозии миллӣ ба даст омадаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд.

Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд.

Аз ин рӯ, ба унвони Пешвои миллат ном бурдан ва ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифтан, барои Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳақиқатан арзанда ва шоиста аст.

Бояд қайд намуд, ки то баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ вазъи ҷумҳурӣ ниҳоят мураккаб арзёбӣ мешуд.

Баъзе нафарон дигар ба ояндаи неки давлатдории тоҷикон боварӣ надоштанд, мардуми азиятдида бошад, орзӯи онро доштанд, ки ба кишвар кай сулҳу салоҳ меояд.

Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон  дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони худро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба таҷрибаи сулҳоварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода, баён менамояд, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст”.

Дар ҳамин радиф Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко низ самимияти худро нисбат ба таҷрибаи сулҳоварии Роҳбари давлати тоҷикон нишон дода, чунин мегӯяд: “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Сиёсати оқилона ва созандаеро, ки ин марди хирад, сиёсатмадори тавоно пеш мебарад, кишварашро аз маҳвшавӣ ҳифз кард ва ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард”.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд.

Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, бештар аз худ, боварӣ ва эътимод дорад.

Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан.

Каримов Имомалӣ,

мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.