• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши занон дар мубориза бар зидди коррупсия

Migration Service by Migration Service
21.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши занон дар мубориза бар зидди коррупсия
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Пешвои миллат бартараф ва коҳиш додани шиддати ин амали номатлубро дар ҳар суханронию мулоқот махсусан таъкид менамоянд.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид доштаанд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи мамлакат буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.

Нақши занон дар таҳкими сиёсати зиддикоррупсионӣ назаррас арзёбӣ гардида, барои баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тамоми талошҳо ва тадбирҳои шоиста амалӣ мегарданд. Таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин амали номатлуб вобаста аст.

Поквиҷдонӣ ҳамчун сифати муҳими ахлоқӣ, ки ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба қонунро дар бар мегирад, метавонад омили асосии муқовимат ба коррупсия гардад. Дар ин раванд, нақши занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа ва тарбиятгари насли наврас бисёр муҳим мебошад.

Зан, пеш аз ҳама, дар доираи оила ҳамчун модар ва роҳнамои ахлоқӣ метавонад дар зеҳни фарзандон ҳисси адолат, нафрат ба фасод ва эҳтиром ба қонунро ташаккул диҳад. Маҳз тавассути тарбияи дуруст насли наврас бо рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ба камол мерасад. Ин раванд заминаи устувори коҳиш ёфтани сатҳи коррупсияро дар ҷомеа фароҳам месозад.

Поквиҷдонии ҷомеа аз поквиҷдонии ҳар як инсон сарчашма мегирад. Зан ҳамчун модар ва тарбиятгари насл нақши муҳим дорад, зеро ӯ аввалин муаллим ва роҳнамои фарзандон дар роҳи ахлоқ ва виҷдони соф мебошад. Агар дар оила муҳити солим, муҳаббат ва ростқавлӣ ҳукмрон бошад, ҷомеа низ аз чунин фазо таъсир гирифта, ба сӯи камол ва пешрафт ҳаракат мекунад.

Зан бо ахлоқи нек, виҷдони соф ва муносибати одилона метавонад муҳити солими маънавиро дар оила ва ҷомеа ба вуҷуд оварад. Вақте ки занон ба фарзандон одоби ростқавлӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба дигаронро меомӯзонанд ҷомеа низ ба адолат ва рушд рӯ меорад.

Занон ҳамчун модар, омӯзгор, роҳбар ва шаҳрванд метавонанд арзишҳои ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва поквиҷдониро тарғиб намоянд. Махсусан, иштироки фаъолонаи онҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ба баланд гардидани шаффофият ва эътимод ба мақомот мусоидат мекунад. Онҳо метавонанд намунаи ибрат барои ҷавонон бошанд ва фарҳанги зиддикоррупсиониро ташаккул диҳанд.

Дар Тоҷикистон низ нақши занон дар мубориза бо коррупсия сол то сол меафзояд. Имрӯз занон дар мақомоти қонунгузорӣ, судӣ, молия ва маориф фаъолона кор мекунанд. Ҳузури онҳо ба беҳтар шудани ахлоқи хизматӣ, риояи қонун ва рушди ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамзамон, иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, иқтисод ва дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ метавонад сатҳи шаффофият ва масъулиятшиносиро баланд бардорад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҷалби бештари занон ба равандҳои қабули қарорҳо аксаран бо коҳиш ёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ ва таҳкими идоракунии самаранок алоқаманд аст.

Маърифати ҳуқуқии занон низ омили муҳими пешгирии коррупсия мебошад. Агар занон ҳуқуқҳои худро донанд ва барои ҳифзи онҳо фаъол бошанд, ҳолатҳои суиистифода аз мансаб коҳиш меёбанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд тавассути тарбия насли наврасро бо арзишҳои ахлоқии баланд ба камол расонанд.

Дар маҷмуъ, занон метавонанд тавассути тарбияи ахлоқӣ, фаъолияти иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар идоракунии ҷомеа дар таҳкими поквиҷдонӣ ва коҳиши сатҳи коррупсия нақши муассир бозанд. Дастгирии мақоми зан ва рушди имкониятҳои онҳо яке аз шартҳои муҳими бунёди ҷомеаи одилона ва шаффоф мебошад.

Шоиброҳимзода Ҳабиба,

Сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.