Санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ бо иштироки Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо, кормандони дастоҳи марказии Раёсат, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, кормандони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” дар толори Маркази касбомузонӣ ва хизматрасонии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2026 доир гардид.
Маҷлисро Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ифтитоҳ намуда, сараввал аҳли толорро бо супоришу вазифагузориҳои протоколии ҷаласаҳои ҳисоботии ҳайатии мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Масъалаи якуми маҷлис асосан натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳои минбаъда барои ҷамъбасти соли равон буд.
Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо зимни суханронии худ ба масъулини шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сифати фаъолияти корӣ, иҷрои саривақтӣ дастуру супоришҳои додашуда, ҳамчунин пурра ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатнигорӣ ва тоза ва зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ дастуру супоришҳои махсус дод.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳамкории зич бо корфармоён, ҷалби шаҳрвандони ихроҷ ва бозпасшуда ба омӯзиши касбу забономузӣ, шаҳодатномакунонӣ (валидатсия) ва дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои қабулкунанда бо ҷойи корӣ таъмин намудани муҳоҷироне, ки воридшавиашон муваққатан ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Масъалаи дигар ин самти ба танзим даровардани муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ буда, масъалаи мазкур баррасӣ шуда аз шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Деваштич, Спитамен ва ноҳияи Зафаробод пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ва ба корҳои сохтмонӣ оғоз намудани онҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо вобаста ба ҳамаи самтҳои кор ба охир расид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

