Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар баробари идҳои Сада ва Меҳргон, Наврӯз низ яке аз идҳои қадимаи суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, фарорасии он ба нимаи дуюми моҳи март рост меояд, ки дар ин айём баробаршавии шабу рӯз ба назар мерасад.
Ин ид аз бедоршавии табиат, фасли шукуфоӣ, фаслу умеду орзуҳо, инчунин аз омад-омади баҳори ҳуҷастапай дарак медиҳад.
Дар ин иди баҳори зебоӣ, яъне наврӯзи ҳуҷастапай мардуми сарбаланди тоҷик бо густурдани хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, тозаву озода намудани хонаву кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва гулбуттаҳо машғул шуда, ҳамдигарро ба омад – омади ин иди накӯпай муборакбод менамоянд.
Ҳамзамон ҳамдигарро барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳ даъват намуда, баҳри бофайзу баракат омадани боз як соли дигар сари хони наврӯзӣ даст бар дуо мебаранд.
Инчунин, яқинанд, ки аз ҷониби Парвардигор дар сари хони наврӯзӣ дуояшон мустаҷобшаванда аст.
Гузашта аз ин, эшон умед бар он доранд, ки дар соли нав бо пеша намудани рафтору гуфтор ва пиндори нек файзу нусратро фаровон менамоянд.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар гузаштаи начандон дур ҷашн гирифтани иди Наврӯз қариб, ки аз байн рафта, оинҳои он амалӣ карда намешуданд.
Ҳамзамон давлатҳое низ буданд, ки ин иди аз ниёгон меросмондаро фаромӯш карда, ҷашн намегирифтанд.
Аз ин рӯ, бо пешниҳод ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Наврӯз дубора эҳё шуда, дар самти ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад.
Инак, ба расидани қадами баҳор олам ранги дигар мегирад, табиат тозарӯ ва бо лаҳни мурғон таронагӯ мешавад.
Олами зери барф ба дунёи афсона иваз мегардад.
Чӣ хуш ва гуворост нафаси тозаи баҳор.
Дилҳои лабрези фараҳ, шодию сурур ва пур аз ишқу муҳаббатро дида, бе ҳеҷ муҳабо кас таслими баҳор мегардад ва ӯро бо худ мехонад.
Наврӯз ин ширшири борони найсон, дамидани сабза, шукуфтани гулу райҳон, хониши мурғакони шохсор, рамзи сарсабзии одаму олам, эҳёи табиат, оғози киштукор, давутози тифлакони рӯи қолини майсаи навдамида, сари санге нишаставу роз гуфтани ошиқон аст, ки ин ҳамаро баҳори нозанин ба мо бахшида ва ба қадами мубораки худ ба рӯзгори мо олами дигаре ворид месозад.
Деҳқон чун марди замин бо фарорасии рӯзи нав ба замин ҳамчун ба фарзанд бо муҳаббат дида медӯзад.
Дили ӯ ҳамнавои замин ва арақи ҷабини ӯ, обшореро мемонад, ки аз он майсаи гандум дамидаю боғистонҳо ба гулистон табдил шуда.
Эй баҳори нозанин, ту ба кишвари мо сулҳу зиндагӣ овардаӣ, ту ба дили мо шавқу илҳоми тоза овардаӣ, ту ба ин диёр савту навои муҳаббат овардаӣ. Барои мо аз ҳама тӯҳфаи беҳтарин, ин Наврӯзро овардаӣ, ки шахсиятҳои арзанда дар васфаш достонҳову қиссаҳо гуфтаву мегӯянд.
Чунончӣ, устод Садриддин Айнӣ дар бораи баргузори ҷашни Наврӯз дар сарзамини тоҷикон зикр кардаанд, кӣ: «… ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растанӣ ва рост омадани ин ид, яъне Наврӯз табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд.
Дар ҳақиқат ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва оғози кишту кор ва дигар маҳсулоти заминиест, ки инсонро сер карда, сабаби бақои ӯ мешавад».
Наврӯз аз бузургтарин идҳои халқи мо ва ҷаҳониён аст, ки моро ба шодмониҳои заминию кайҳонӣ мерасонад ва инсон дар ин гузаргоҳи зиндагӣ аз ин суннати волои ниёгони худ баракат ва шарофату саодат меёбад.
Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди боимони мост, ки моро сари дастурхони Наврӯзӣ ба ҳам меорад.
Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи файзу баракат, эҳёи табиат ва замин аст, ки ҷузъи асосии табиат буда, бо шарофати Наврӯз сабзу хуррам гардида, ризқу рӯзии бандагонро фаровон мегардонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз марти соли 2023 чунин иброз доштанд, кӣ «Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст».
Наврӯзи нозанин дасти мову шуморо гирифта, ба домани дашти сабзу беканори табиат мебарад, ки гарму равшан аз офтоб ва зебо аз боду борон аст.
Он ба олам файзу саховат ва шукуфоии бештареро ато месозад.
Аз ин рӯ расм шудааст, ки дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба ҳамдигар орзуҳои нек гуфта, ҳар якеро бо Наврӯз муборкбодӣ намоянд.
Наврӯз зеботарин ҷашни таърихии мардуми ориёнтабор аст.
Ба дасту дили поку беолоиш, тозаруҳу бедарду беандуҳ кору пайкор намудан, бо ободиву шукуфоии Ватани азиз саҳм гузоштан, ин низ яке аз оинҳои наврӯзист.
Гуфтан ҷоиз аст, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқлоли он на танҳо хонаву макони зисти худро тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват пок месозанд.
Инчунин мардум кӯшиш мекарданд, ки дилозору бешафқат набошанд, чунки тибқи ақидаи ниёгон, Наврӯз рамзи некӣ, покӣ, эҳёи олами хуфта, фано ёфтани зимистони сард будааст.
Мардуми тоҷик дар ҳама гуна ҳолату вазъият бо орзуву умедҳои фаровон, бо ниятҳои нек Наврӯзро сазовор таҷлил менамоянд.
Дар ин рӯз эшон хонаҳои худро сафед намуда, ҳама ғаму кулфати соли гузаштаро аз дилҳо берун месозанд.
Сарулибоси нав ба бар карда, орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд.
Яке аз маросимҳои асосии Наврӯзӣ ин пухтани суманак мебошад, ки бештар занону модарони мо баҳри тайёр намудани он соатҳо дар гирди дег дафу дафча зада, суруд мехонанду хурсандӣ менамоянд.
Аз ин рӯ, дар умум бояд гуфт, ки баҳору наврӯзро бе шеъру тарона, базму тараби Наврӯзӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.
Мо имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.
Бояд гуфт, ки имрӯз бо эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ҳаққи таърихии ин расми куҳан ва инсонпарварона барқарор гардидааст.
Ҳамин тариқ, Наврӯзи тоҷикон дар саросари кишвари азизи мо, пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон ботамоми рангорангиҳояш эҳё гардида, бо таровати тоза, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва аз ҳама муҳим чун ҷашни худшиносии миллӣ вориди зиндагии мо гардид.
Имрӯз шукри истиқлол, ки Наврӯзи ҳуҷастапай ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст ва мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст! Дар ин шуҳратафзоиву эътирофгардии ҷашни мазкур кишварамон-Тоҷикистони биҳиштосо дар қатори чанд кишвари дигар ҳиссаи арзишмантаре гузаштааст. Наврӯзи мо, воқеан ҳам, сазовори мартабаи баланд, лоиқи густариши васеъ, шоистаи таҷлил дар доираи бавусъаттарин мебошад.
Наврӯз дар саргаҳи ҳама гуна ҷашнҳо қарор дорад ва бар ҳама тантанаҳо афзалият касб карда, бо омадан ва нафаси гарму рӯҳафзояш одамон рӯҳи тоза дармеёбанд ва рӯи хоки гарму нарм ҳастии хешро амиқ эҳсос мекунанд.
Имрӯз барои мардуми сарбаланди тоҷик боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби пешвоёну адибони шинохтаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизро ватани Наврӯз гуфтаанд.
Аз ин лиҳоз ва бо пайгирии чунин суханони воло 19 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Синпозиуми илмии байналмилалӣ адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид, ки оид ба муҳимияти ин ҷашни миллии тоҷикон ва расму русумҳои хоси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табадули афкор карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин Синпозиум таъкид гардид, ки «Наврӯзи ҷаҳонӣ таърихи куҳан дошта, ватани он Тоҷикистони офтобист».
Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки 20 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд, чунин иброз доштанд, ки «Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робита надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинаҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст.
Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад».
Хулоса, боиси сарфарозист, ки Наврӯи байналмилалӣ дар Тоҷикистони биҳиштосоямон бо иштироки меҳмонони дохилу хориҷи кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар лаҳзаҳое, ки баҳори шукуфо қадам ба мулки мо гузошта истодааст, дар соли нав, яъне Наврӯзи хуҷастапайро ба кулли миллати сарбаланди тоҷик таҳният гуфта, орзуманди онем, ки иқболу хушбахтӣ, бахту саодат ва дар хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо ваҳдати ҷовидонӣ таманно менамоем.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб