Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ густариш ёфта, марҳилаи аввали ин раванд расман бо ташкили имтиҳонҳои забони олмонии TELC барои ҷавонони тоҷик оғоз гардид.
Ин ташаббус натиҷаи мустақими Ёддошти тафоҳум мебошад, ки 30 апрели соли 2026 байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби давлатии Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи давлати Бавария ба имзо расидааст.
Дар маҷмӯъ 104 нафар ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар имтиҳонҳои TELC номнавис шудаанд. Имтиҳонҳо, алакай аз 19 то 22 майи соли 2026 дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират оғоз гардидааст. Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием, ки ҳар рӯз 26 нафар иштирокчӣ аз имтиҳон мегузаранд.
Бо ин мақсад, се намояндаи ташкилоти bfz gGmbH — масъули назорат ва санҷиши раванди имтиҳонҳои TELC — ба Тоҷикистон омадаанд ва рафти имтиҳонҳоро мутобиқи стандартҳои Олмон ва байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки дар маросими ифтитоҳи имтиҳонҳо, ки 19 майи соли 2026 баргузор гардид, намояндагони Сафорати Олмон дар Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.
Ин ташаббус қадами муҳим дар роҳи фароҳам овардани имкониятҳои бехатар, муташаккил ва касбии таҳсил барои ҷавонони Тоҷикистон дар Олмон ба ҳисоб меравад.
Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием, ки Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе курсҳои омӯзиши забони олмониро ба роҳ монад. Хоҳишмандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

