Одамрабоӣ аз ҷумлаи вазнинтарин ҷиноятҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд — ҳуқуқ ба озодӣ, амният, мусофират ва интихоби озоди маҳалли зистро поймол мекунад. Дар ҷаҳони муосир ин амал бештар ба баҳсҳои шахсӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва савдои одамон рабт дорад. Ҳарчанд бисёре аз кишварҳо зидди одамрабоӣ қонунҳои сахт доранд, ин амал то ҳол дар ҷомеа ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ мубаддал гардидааст.
Одамрабоӣ ҷинояти бераҳмона ва хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодии инсонро зери хатар мегузорад. Барои решакан кардани ин амал ҳамкории ҷомеа, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум зарур мебошад. Танҳо бо истифодаи чораҳои доимӣ ва омодагии ҷомеа метавон аз паҳншавии ин кирдор пешгирӣ кард.
Тибқи қонунгузорӣ, одамрабоӣ ё хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста ба розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол додан, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифода аз маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, ҷиноят ба ҳисоб меравад.
Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандонро оид ба огоҳонӣ, ошкор намудан ва пешгирии ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар бар мегирад.
Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро тавассути татбиқи чораҳои маҷмӯӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисосмандии кормандони онҳо, таъмини огоҳонӣ, ошкор намудан, пешгирӣ ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муайян ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкор кардани шахсони гунаҳкор ва ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо, инчунин расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон кафолат медиҳад.
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон аз амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт иборат буда, чунин вазифаҳоро дар бар мегирад: таҳия, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон; қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалисозии фаъолиятро оид ба муқовимат ба савдои одамон танзим менамоянд; таъмини иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон; тасдиқи Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон; тасдиқ ва таъмини татбиқи нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон; тасдиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, ки ба муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд; андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон; фароҳам овардани шароити ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникӣ барои фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон.
Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ин ҷиноятҳо равона шудаанд, ташаккул меёбад.
Аҳадзода Алишер,
Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

