Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 15-уми май дар саросари мамлакат Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.
Мо бояд фаромӯш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Рӯзи байналмилалии оила хизмати шоистаю босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Ин моро ба ин ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият расем.
Ин аст, ки мутадил инкишоф ёфтани муносибатҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун рукни муҳими ҷамъият имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои алоҳида нисбати масъалаи ҳифзи оила бахшида шудааст. Аз чунин муқаррароти конститутсионӣ бар меояд, ки оила аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи давлатӣ мавриди ҳифз қарор дода мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст».
Оила ҷузъи ҳастии инсоният ва қисми ҷудонашавандаи миллату давлат ба шумор меравад. Пойдорию устувории давлату миллат маҳз аз мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад.
Оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад. Муҳимтарин коре, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад ин бунёди оила аст.
Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд.
Дар дини мубини Ислом оиладоршавӣ, яъне барпо намудани оила ба ҳар як мусулмон воҷиб гардонида шудааст.
Паёмбари Акрам низ фармудааст, ки оиладоршавӣ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст. Ҳар касе аз суннати ман рӯй бигардонад, аз ҷумлаи ман нест.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф намуда, таҳти ҳимояи давлат қарор додааст. Дар давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёди мо ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Оила дар меҳвари диққати сиёсати давлату ҳукумат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва қонунгузории давлатамон ин масъаларо ба таври возеҳ танзим менамояд.
Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд.
Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик равшан аст, ки гузаштагони мо доимо оила ва оиладориро муқаддас дониста, барои ҳифзи ҳамаҷонибаи он ҳамеша кӯшиш кардаанд. Муқаддасии оила пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки барои бунёди як хонаводаи солим асос мегузорад ва дар камолоти насли нави авлод нақши муассир дорад. Доир ба оилаву оиладорӣ гузаштагон андешаҳои хеле арзишманд баён доштаанд. Гуфтор ва хулосаҳои эшон моро ба он андеша водор менамояд, ки бунёди як ҷомеаи солим ва умедбахш ҳамеша аз оилаи солим вобастагӣ дорад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Зиндагии шоиста ва лоиқи инсон иборат аз гузаронидани умри инсон дар оромӣ, осудагӣ, сулҳу амонӣ, роҳату фароғат аст. Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат аст. Аз ин хотир инсон бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша ба осудагию хушҳолӣ сипарӣ намояд. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал бар уҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад.
Қобили зикр аст, ки пошхӯрии оилаҳои ҷавон тайи солҳои охир зиёд ба чашм мерасад, ки худ шаҳодати паст гаштани муносибатҳои оилавӣ мебошад. Ҳар аъзои оила мебояд дар таҳкими пояи оиладорӣ саҳмгузор бошад.
Имрӯзҳо давлати мо ба марҳилаи тозаи пешрафту тараққӣ расидааст. Моро лозим аст, ки барои таҳкими волотарин арзишҳои инсониву ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату самимият, гиромидошти муқаддасоти умри инсон-оила ва волидайну фарзандон фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо ҳиссагузор бошем.
Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст.
Бо ибрози ниятҳои нек ба кулли мардуми шарафманди миллати тоҷик Рӯзи оиларо самимона таҳният гуфта, ба ҳама саломативу бахту иқболи нек, саодатмандӣ, нуру сафо, дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек, зиндагии осуда, пирӯзиву баракати зиндагӣ ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо ваҳдати ҷовидонӣ таманно менамоям.
Бигзор дар ҳавои осоишбори Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол дар оилаҳои миллати тоҷик доимо садои хандаву хурсандӣ ва садои шодиомези кӯдакон танинандоз гардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират