• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат

Migration Service by Migration Service
02.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати куҳанбунёди мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо тадқиқот, пажуҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд.

Оила яке аз муқаддастарин ва муҳимтарин пояҳои ҳаёти инсон ба шумор меравад. Он нахустин муҳитест, ки инсон дар он чашм ба олам мекушояд, сухан гуфтанро, дӯст доштанро ва масъулиятро меомӯзад. Оила на танҳо макони зиндагӣ, балки мактаби ахлоқ, муҳаббат ва фарҳанг низ ҳаст. Дар он инсон на танҳо ба ҳаёт шинос мешавад, балки арзишҳои инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, муҳтарамӣ ва садоқатро низ дар худ мепарварад.

Нақши оила дар ташаккули шахсияти инсон хеле бузург аст. Кӯдаке, ки дар муҳити меҳру муҳаббат ва тарбияи дуруст ба воя мерасад, дар ҷомеа низ чун шахсияти муътадил ва муфид баромад мекунад. Агар асоси оила бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ гузошта шуда бошад, чунин оила метавонад ба ҳайси намунаи беҳтарини ҳамзистии инсонӣ хидмат намояд.

Оила инчунин, ҷои муҳофизат ва оромиш аст. Дар дунё чӣ қадар мушкилот ва озмоишҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, инсон ба оилаи худ рӯ меорад ва аз он нерӯ мегирад. Волидон ба фарзандон тарбияи дуруст медиҳанд, онҳо ба навбати худ рисолати худро дар назди падару модар ва ҷомеа адо мекунанд.

Имрӯз, вақте ки ҷомеа ба бисёр таҳаввулоту тағйирот рӯ ба рӯ аст, ҳифзи арзишҳои оилавӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Пешгирии вайроншавии оилаҳо, тақвияти масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ва боло бурдани маърифати оиладорӣ бояд дар маркази диққати ҳар як инсон қарор гирад.

Муссалам аст, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, аз тарафи Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон гардида буд, ки аз муҳимтарин иқдомҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимии генофонди миллат маҳсуб меёбад. Оила ва ҷомеаро дар сатҳи давлатӣ ташаккул додан, маънои миллатсозист.

Оила заминаи аввалини бунёди ҷомеаи солим ва пешрафта аст. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи босубот ва фарҳангӣ дошта бошем, бояд аз худи мо ва оилаи мо оғоз намоем. Меҳрубонӣ, садоқат, сабру таҳаммул ва эҳтиром – инҳоянд унсурҳои зарурии пойдории ҳар як оилаи хушбахт.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ваҳдат

Next Post

Терроризм ва экстремизм – душмани башарият

Next Post
Терроризм ва экстремизм – душмани башарият

Терроризм ва экстремизм – душмани башарият

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.