«Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин айёми зебогию шукуфоӣ- баҳори нозанин мардуми баиқболи тоҷик ду ҷашни бузург – Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил мекунанд. Дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда мартаба ва ҷойгоҳи махсусеро касб намудаанд.
Рӯзи байналмилалии бонувон, ки ҳамасола 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шудааст. Фаъолиятнокӣ, шуурнокӣ, муташаккилӣ инҳо сифатҳое мебошанд, ки шахсияти занони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавсиф менамоянд. Мо бо орзуҳои ширин ва умедҳои рангин баҳори соли 2024-ро пешвоз гирифта, хоҳони онем, ки дар мамлакатамон доимо сулҳ ҳукумрон бошад.
Бисёр ба маврид аст, ки суханони оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хотиррасон намоем: «Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои оянда боис гардидааст, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дошта азиз шуморанд».
Худованд ба зан қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадон бошад.
Бузургон гуфтаанд, ки «Ҳеҷ кас дар зиндагонии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёбад».
Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
Модари тоҷик оинаи поку беғубори ҳар халқу миллат ва давлат аст. Пас, ту бузургӣ модари тоҷик!
Зан симои барҷастаи ҳайёт ва неруи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар аст.
Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накӯҳиҳост.
Занро беҳтарин офаридаи Худовандӣ мегӯянд.
Ғамхорӣ дар ҳақи занон аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт занон ба комёбҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бале, бисёре аз занҳои имрӯзаи мо дар паи солимии оила ва ватани худ ҳастанд. Ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бисёре аз занҳои тоҷик акнун бефарқ наменигарад. Ӯ худро узви фаъол ё як тан зан аз шумораи миллиёнҳо занони сайёра меҳисобад. Акнун зан соҳиби давлату миллат аст ва пуштибони худро низ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Баъдан, Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудани Ҳукумати кишвар аст, ки бонувон ба чунин дастовардҳои бемисл сазовор шуданд. Бинобар ин, бонувонро мебояд, ки ба қадри ҳамаи ғамхориҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, минбаъд низ дар рушди босуботи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат занон тавонистанд бо неруи созандаи худ ба ҳайси аъзои Ҳукумати мамлакат ва парлумон, роҳбарони вазорату идора, ташкилоту муассиса ва шаҳру ноҳия фаъолият намуда, баҳри шукуфоии сарзамини офтобиамон саҳми шоистаи худро гузоранд, ки ин мояи ифтихору сарбаландист.
Модар! Оё калимае аз ин зеботар ҳаст! Дар олам аз модар дида муқаддастар мавҷудоте нест. Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҳамеша ҷӯш мезанад. Хизмати модар ҳамто надорад. Бале маҳз дуои гирои модар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем.
Аз ин назар, ҳамаи моро, зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст, мо дар сурате ба пирӯзиву комиёбиҳо ноил мегардем, ки ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯз мебошанд. Навозиши дастони модар беҳтарин фароғат аст барои фарзанд, новобаста аз синну сол.
Барои фарзандон канори модар мактаби аввалини ҳаёт аст. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати Рӯзи Модар қайд намудаанд, кӣ: «Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд».
Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаҳои модарон ибтидо гирифта, бо номи онҳо анҷом меёбад. Ҳар фарзанде, ки қимати модаро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Имрӯз бонувони мо хеле пешсафу фидокор, донишманду босубот, хирадманду фазилатпеша ва дилбанду меҳрубон ҳастанд. Агар зани имрӯзи тоҷик аз пайи меҳнату офариниш бошад, пас, ранҷи талош бесамар набошад. Зеро ҳақиқати офариниши замину осмон ин аст, ки зан-модар амсоли фариштаи рӯйи замин аст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.
Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.
Албатта, арҷгузории баланд ба зан-модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин восита дар маънавиёти башар гузоштааст.
Вақте модар мегӯем пеши назарамон симои азизтарин, мушфиқтарин, меҳрубонтарин шахс ҷилвагар мегардад. Воқеан зан-модар бузургтарин нафар аст, ки ҳаёту зиндагӣ аз ӯ сарчашма мегирад. Модарон идомабахши ҳаётанд. Пайёмбари Худо Муҳаммад (с) дар ситоиши бузургии зан –модар фармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Зан Модар, ки дар ҳама давру замон равшани хонадон, мураббии фарзандон, посдори сулҳу субот ва ояндаи башар аст, ҳамеша ниёз ба арҷгузорӣ ва эҳтироми бепоён дорад. Имрӯз мо ифтихор менамоем, ки зан-модар дар ҷомеаи Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати худро соҳиб гардидааст.
Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Зинда бод модар.
Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб