• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Омилҳои таъсиррасон ба экстремизм ва терроризм

Migration Service by Migration Service
23.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Омилҳои таъсиррасон ба экстремизм ва терроризм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамадунҳо дар муқобили экстремизм ва терроризм ба ҷуз аз дӯст доштани меҳан ва ҳифзи якпорчагии давлат дида ягон қувваи дигареро муносиб намебинем.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчун воридшавии идеологияҳои ифротии аҷнабиён ба зеҳни ҷавонон моро водор месозад, ки ба таблиғу ташвиқи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, вусъат бахшидан ба ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Зеро дарки бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли илм ва ҷомеа метавонанд ба низом дарорад. Пешвои муаззами миллат “Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос” донистанд.

Дарки хатоҳои пештара ҷомеаи моро аз ислоҳ ва содир намудани ҳодисаҳои даҳшатбори гузашта огоҳ намуда, барои насли ҷавони имрӯзу оянда дарси ибрат ва ҳушёрӣ хоҳад буд.

Бинобар ин тамоми қишри огоҳи ҷомеа аз он ҷумла зиёиён ва равшанфикронро зарур аст, ки бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, аз ҷумла мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.

Дар баробари вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла таҳаввулоти моҳият ва миқёси таҳдидҳо ба амнияти кишвар тавассути ҷавонони ноогоҳ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар назди давлат ва ҷомеа вазифаҳои наверо мегузорад, ки ҳалли онҳо барои муттаҳидсозии ҷомеа, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пешгирии вусъати экстремизм ва терроризм аҳамияти муҳим ва арзишманд дорад.

Ақида ва таблиғоти ташкилотҳои террористии паҳншаванда ба шуури афроди ноогоҳ таъсири манфи расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, миллат, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.

Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ ба омилҳои зерин асос ёфтаанд:-тарғиби ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии хусусияти ифротидошта, кӯшишҳои аз ҷониби ташкилотҳои экстемистӣ ва террористӣ тарҳрезӣ ва анҷом додани кирдорҳои ғайриинсонӣ дар кишварҳои муваққатии будубош;

аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо;

таҳти таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани шаҳрвандони дар муассисаҳои динии хориҷӣ таълимгирифта, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо;

ҳаммарзии ҷуғрофӣ ба кишварҳое, ки дар онҳо муноқишаҳои ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳҳои тундрави динӣ доранд, дар қаламрави онҳо ҷойгир будани пойгоҳҳои омодакунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба ҳудуди кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.

Ин омилҳо аз сатҳи ҳануз ҳам нокифояи самаранокии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ, таъминоти илмӣ- методӣ, тайёрии касбии кормандони соҳаи мазкур ва ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризм дарак медиҳад.

Бинобар ин тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки аз тамоми зарфиятҳои соҳаи маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон истифода намуда, вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ, ватандустӣ, пешгирии тундгароӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон ва ноболиғон корбарӣ намуда, рисолати инсонӣ ва қарзи шавҳрвандии худро ба анҷом расонанд.

Маҳмадуллозода Хайриддин,     

Муовини сардори раёсати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.