Пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.
Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо маҳсуб мешаванд.
Ба ин маънӣ, Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини субботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми мушаххас мегузорад.
Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуда буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид.
Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.
Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016‐2020», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025» тасдиқ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Вале, терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”.
Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “аҳриманӣ” маҳкум менамояд, аммо то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон, экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини Ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқаррароти дини ислом сӯйистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.
Тибқи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба тахрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиётҳои ифротӣ машғуланд.
Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст, аз ҷумла: “Ал‐Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб‐ут‐таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат‐ун‐нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ танҳо дар ном гуногун буда, мақсад, роҳҳои ҷалб кардан ва нияту нақшаҳои якхела доранд.
Мақсади ниҳоии онҳо ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошад.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ мебошад.
Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯркӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад.
Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои нодурусти худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.
Аз ин лиҳоз, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ва ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини субботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бубахшанд.
Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст ва инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст.
Пӯшида нест, ки гурӯҳҳои террористӣ нисбат ба дигар одамон бештар аз сомонаҳои иттилоотӣ истифода менамоянд.
Маҳз бо ҳамин восита ҷавонони бисёреро гумроҳ сохта, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстремистӣ дошта ҳамроҳ менамоянд.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати пок, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.
Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.
Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад.
Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад.
Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе