• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчам – муҳимтарин намоди давлатдорӣ

Migration Service by Migration Service
15.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчам – муҳимтарин намоди давлатдорӣ
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Аз ин рӯ, Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумлаи иду ҷашнҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва оини чандинҳазорсолаи давлатдории аҷдодӣ ба шумор меравад.

Тоҷикон аз замонҳои қадимтарин соҳибдавлату соҳибпарчам  мебошанд ва ибтидои парчамдории ин халқи тамаддунофар ҳамон Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки ҳамеша аҷдоди моро ба дифои марзу бум ва фарҳангу суннатҳои ориёӣ ҳидоят менамуд.

Имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик дар тамоми қаламрави кишвар ва арсаи ҷаҳон партавфишонӣ менамояд.  Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парчамбардори созандагию бунёдкории кишвари соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад».

Имсол таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба айёме рост омадааст, ки то ҳанӯз дар кишвари маҳбубамон тантанаҳои Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ, 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ идома дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами шарафу ифтихор ва созандагию бунёдкориро баланд бардошта, барои фардои дурахшон аз сидқи дил меҳнат менамоянд.

Мову шуморо лозим аст, ки ҳар лаҳза бо ифтихор аз соҳибдавлатию дастовардҳои замони Истиқлол, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллиро ба ҷой оварда, фарзандону пайвандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем.   

Сарчашмаҳо собит месозанд, ки тоҷикон аз лиҳози таърихӣ дар масъалаи парчамсозию парчамдорӣ ҳавсалаи тамом доштанд. Вале шеваи парчамдории касбии мо дар таърихи парчамҳои ҷаҳон ба номи Коваи оҳангар сабт шудааст, ки пешдомани чармии оҳангарии худро боло бардошту бо кӯмаки Шоҳ Фаридун мардумро бар зидди зулми Заҳоки хунхор бархезонд.

Мо тоҷикон аз рӯзҳои аввал ба сифати парчамҳои худ диққати хоса медодем. Аз он, ки парчами Коваи Оҳангар аз лиҳози сифат олӣ, яъне аз чарм сохта шуда буд, далели ин гуфтаҳост.

Ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони рӯзи пос доштани муқаддасоти миллии давлатӣ баҳри ҳар як сокини ватандӯст бузургу аҳамиятнок маҳсуб меёбад. Мардуми мо арҷ гузоштанро ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рукни муҳими ватандорӣ мехонанд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудом дар фазои Тоҷикистони азизамон парафшонӣ намояд.

Алии Эмомалӣ,

сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

XVI сессия Верховного Совета стала для народа Таджикистана обретения государственности

Next Post

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.