• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчам — нишоаи соҳибихтиёрии давлат

Migration Service by Migration Service
24.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчам — нишоаи соҳибихтиёрии давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ормонҳои мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Он на танҳо нишонаи давлатдорӣ, балки омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Дар раванди ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон низоми рамзҳои давлатӣ марҳилаҳои муҳими таърихию ҳуқуқиро паси сар кардааст. Парчам ҳамчун рамзи расмии давлат Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуда, мақому ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ инъикос менамояд. Омӯзиши таърих, мазмун ва рамзҳои дар Парчами давлатӣ таҷассумёфта барои дарки арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба давлату давлатдорӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар даврони Шӯравӣ парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати ИҶШС буд. Вале раванди ташаккулёбии истиқлоли давлатӣ бо мувофиқат накардани парчами қаблии кишвар бо моҳияту мазмуни Тоҷикистони муосир замина гузошт. Бо дарки ин воқеият Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард ва комиссияи махсус оид ба таҳияи рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуду озмуни ҷумҳуриявӣ барои омода кардани рамзҳои давлатӣ эълон карда шуд. Ҳамин тариқ 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул гардид ҳамчун рамзи давлатӣ қабул гардид.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 Парчамро ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни асосии муқаддасоти миллӣ пазируфт (моддаи 3) ва онро дар боби аввал “Асосҳои сохтори конститутсионии кишвар” ҷой дод.

Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур буда, баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва ватану миллат дар як саф қарор доштани фарзандони баору номуси кишварро ифода месозад. Аз ин рӯ, дар таърихи 29 – уми октябри соли 2009 дар конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир бозад.

Дар маҷмӯъ, Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Насли ҷавон бояд на танҳо намуди зоҳирӣ ва рангҳои онро донад, балки таърих ва маънои рамзии онро низ дарк намояд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама эҳтиром ба Ватан, Конститутсия, таърих ва арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо фаъолияти созанда, риояи қонун ва ҳисси баланди масъулият дар таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.

Дилшод Фаттохов,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод

Previous Post

Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷират бо Менеҷери генералӣ, муҳаққиқи асосии Раёсати лоиҳаҳо ва Раёсати тадқиқотӣ Ҷопон  

Next Post

Вохӯрӣ бо корҷӯён дар мардикорбозори шаҳри Ҳисор

Next Post
Вохӯрӣ бо корҷӯён дар мардикорбозори шаҳри Ҳисор

Вохӯрӣ бо корҷӯён дар мардикорбозори шаҳри Ҳисор

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.