Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон.
24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба таърихи ҷашну санаҳои муҳими кишвар ворид гардидааст ва имкон медиҳад, ки минбаъд дар шинохту муқаррар намудани мақом ва ҷойгоҳи ин рамзи давлатии Тоҷикистон қадами устувор гузошта шавад.
Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод мешуд. Рисолати парчамдорӣ пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда онро дар парчами худ ифода намоянд.
Таърихи парчамдории тоҷикон гарчанде бо таърихи бостонии миллат вобастагии қавӣ дошта он бо дирафши ковиёнӣ марбут дониста мешавад, рамзиёти парчамҳои таърихи навтарини Тоҷикистон онро ифода намекард. Парчами давлатии Тоҷикистони даврони шуравӣ, ки камаш 7 маротиба тағйири шакл кардааст, рамзиёти таърихӣ дида намешавад.
Дар ин олами нав, ки давлати коргару деҳқонро таҷассум мекард, рамзиёти меҳнати ин ду қишри ҷомеа, боигарии деҳқонӣ-пахта ва гандум, рамзи ситора ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ ифода шуда буданд. Дар нишони давлатии то соли 1992 ситораи осмонии пешина ба ситораи сурх табдил шуда бо рамзиёти давлатҳои дохили Иттифоқ ҳамгун карда шуд.
Дигар рамзи парчам ва нишон албатта офтоб ва нурҳои тиллоии он буд, ки аз табиати офтобии кишвар дарак дода рамзи ояндаи дурахшони онро ифода мекард. Дар парчами солҳои 1924 то 1953 номи ҷумҳурӣ бо расми хатти қабулшуда дарҷ карда шуда бошад, баъди соли 1953 номи кишвар дар парчам дарҷ карда намешавад.
Аз ин лиҳоз, дар парчами соли 1991, ки дар он танҳо рангҳои миллӣ мавҷуд буда ягон ишорати дигаре ба чашм намерасад, таъсири муҳорибаи неруҳои мухталифи сиёсии навтаъсиси солҳои 80-90-ум таҷассум ёфтааст. Дар ин давра дар муддати кутоҳ беш аз 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 12 ҷунбишҳои мардумӣ, созмон ва иттиҳодияҳои халқӣ 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ба миён омада ҳар яке ба ҳокимият, раванди идораи ҷомеа таъсир ворид карда, манфиатҳои худро пеш мебурданд. Онҳо новобаста аз мақом ва нақше, ки дар ҷомеа ва раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ доштанд ба сиёсати калон даст мезаданд ва кушиши тақсими ҳокимиятро доштанд.
Ин ваъияти ногувор дар шаклу намуди парчами он давра ифода гардид, ки дар он ваҳдату ягонагӣ, мақсаду мароми умум, ғояи муттаҳидгари амиқ дида намешавад ва танҳо ишорате ба мавҷудияти кишвар боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, дарки ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятдорӣ аз арзишу манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ хеле муҳим аст. Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ бошад бо макон, замон ва низоми арзишҳо ва рамзҳои сиёсӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст.
Дар он сароғози таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар гузошта шуда бо тасдиқ ва пешниҳоди Парчами давлат чун муқаддасоти миллӣ, роҳбарияти Олии кишвар оид ба нияти неки зери он муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаистиқлол эълом дошт.
Азбаски вазъи кишвар хеле ноором буд, танҳо дар соли 1999 низомномаи марбут қабул ва тартиби афрохтан ва тасвири он муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ташаббуси қонунгузории хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда дар он тартиби афрохтани Парчам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид.
Дар ин Қонун ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар будани Парчами давлатӣ эътироф гардида, худи Қонун 12 майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори қонуни мазкур гуфта мешавад: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
Парчами парафшон ифодаи ободии ватан буда, акси он – нишонаи таназзули ҳар мамлакат аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандгари дирузу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавои рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллатро бо таърихи куҳани худ ифода менамояд.
Парчами давлатӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе