Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, таҷассумгари таъриху фарҳанг, орзуву умед ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Парчам барои ҳар яки мо рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст.
Парчами давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар мавқеи муҳим дошта, ҳамчун нишонаи соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат шинохта мешавад. Он моро ба дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии сарзамини азизамон ҳидоят менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯзи муҳим ва фаромӯшнашаванда сабт шудааст. Ҳар сол 24 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Парчами давлатии мо аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат мебошад. Ҳар яке аз ин рангҳо маънои амиқи рамзӣ дошта, таъриху ормонҳои халқи тоҷикро таҷассум менамоянд. Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳо барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва бахту саодат, ранги сабз бошад, рамзи сарсабзиву шукуфоӣ, табиати зебо ва зиндагии обод мебошад. Тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситораи болои он нишонаи соҳибдавлатӣ, сарбаландӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик мебошанд.
Парчам дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва ифтихори миллиро бедор мекунад. Вақте ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар майдонҳо, муассисаҳо ва биноҳои давлатӣ парафшон мегардад, дар қалби ҳар як фарди кишвар ҳисси ифтихор аз давлату миллати худ бештар мегардад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мо бояд на танҳо дар рӯзҳои ид, балки ҳамеша ба ин рамзи муқаддаси миллӣ арҷ гузорем. Хусусан, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ аҳамияти калон дорад.
Имрӯз мо бояд шукронаи соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва фазои осудаи Ватани азизамонро намоем. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст.
Парчами давлатӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва созандагӣ даъват менамояд. Бигзор ин рамзи муқаддаси миллат ҳамеша дар фазои софи Тоҷикистони азиз парафшон бошад ва ҳамчун нишонаи сулҳу субот, умеду орзу ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик дар дилу дидаи ҳар як сокини кишвар ҷойгоҳи хос дошта бошад.
Парчами давлатӣ — ифтихори ҳар як Тоҷикистонӣ ва рамзи ҷовидонаи сарбаландии миллати тоҷик аст!
Сатторова С,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен

