• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчами миллӣ – ифтихори миллат ва рамзи пояндаи давлатдорӣ

Migration Service by Migration Service
23.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчами миллӣ – ифтихори миллат ва рамзи пояндаи давлатдорӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як фарди ватандӯст ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун рамзи ҳастии миллат, соҳибихтиёрии давлат ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯза эътироф гардидааст. Он на танҳо нишонаи давлат, балки таҷассумгари ормонҳои таърихӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳанги қадима ва талошҳои мардуми тоҷик дар роҳи расидан ба озодиву истиқлолият мебошад. Парафшонии Парчами миллӣ дар фазои кишвар аз устувории давлатдорӣ, ваҳдати мардум ва умед ба фардои ободи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Таърихи Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо яке аз марҳилаҳои муҳими давлатсозии навини тоҷикон алоқаманд аст. 24-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим барои муайян намудани симои давлатдории мустақили кишвар заминаи устувор гузошт. Аз ҳамон давра инҷониб Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси истиқлолият дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшон мебошад.

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як ҷузъи он дорои маънои амиқи рамзӣ буда, таъриху фарҳанг ва ормонҳои халқи тоҷикро инъикос менамояд.

 Ранги сурх рамзи муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ, истиқлолият ва ҳимояи арзишҳои миллӣ мебошад. Ранги сафед покиву самимият, сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат ва ниятҳои неки мардумро ифода мекунад. Ранги сабз бошад, рамзи табиати зебои кишвар, сарсабзиву хуррамӣ, ободонӣ ва умеди зиндагии шоиста мебошад. Тоҷи дар маркази Парчам ҷойгиршуда нишонаи соҳибдавлатӣ ва таърихи куҳани давлатдории тоҷикон буда, ҳафт ситора рамзи бахту саодат, камолот ва ормонҳои неки миллат ба шумор мераванд.

Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, эҳтирому гиромидошти он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муносибат ба рамзҳои давлатӣ бояд ҳамеша бо эҳтиром сурат гирад. Зеро эҳтиром ба Парчам пеш аз ҳама эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва соҳибистиқлолии кишвар аст.

  Имрӯз Парчами Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифгари миллати тоҷик мебошад. Дар ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалӣ, вохӯриҳои сатҳи баланд ва мусобиқаҳои варзишӣ он ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол барафрохта мешавад. Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ парафшон мегардад, ин барои тамоми мардуми кишвар мояи ифтихору сарфарозист.

 Махсусан, иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас нишон медиҳад, ки зери Парчами ягона метавон ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Ин лаҳзаҳо дар қалби насли ҷавон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшанд.

Масъалаи эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд дар тамоми зинаҳои ҷомеа, аз оила то муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо, мавқеи муҳим дошта бошад. Волидайн, омӯзгорон ва намояндагони ҷомеа вазифадоранд, ки ба насли наврас аҳаммияти рамзҳои давлатиро фаҳмонда, онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Ватандӯстӣ танҳо бо суханронӣ ва изҳори эҳсосот маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама дар рафтори шоиста, меҳнати содиқона, риояи қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ободонии маҳалли зист ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат зоҳир мегардад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоии худ, метавонад бо фаъолияти созандааш дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳм гузорад.

Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият арзиши бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими он масъулияти доимии ҳар як насли ҷомеа мебошад. Парчами миллӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ, дӯстиву бародарӣ ва саъю кӯшиш баҳри ояндаи дурахшони кишвар ҳидоят мекунад. Зери ин рамзи муқаддас мо бояд барои пешрафти иқтисодиёт, рушди илму маориф, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош намоем.

Дар маҷмӯъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинаи ҳастии миллат ва нишонаи сарбаландии давлати соҳибистиқлоли мост. Он моро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих ва масъулият дар назди наслҳои оянда раҳнамоӣ мекунад. Бигзор ин рамзи муқаддас ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз парафшон бошад ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз доштани чунин Ватани соҳибистиқлол ифтихор намояд.

Парчами миллӣ – рамзи нангу номус, ваҳдату ягонагӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст.Норбоев Дамир,

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.