Парчами миллӣ имрўз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба таври расмӣ қабул гардид.
Бояд қайд намуд, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами Тоҷикистон аз се ранг иборат аст.
Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ягонагии миллӣ мебошад.
Ранги сафед – нишонаи бахту саодат, умеду орзу, сулҳ, ахлоқи нек ва покии нияту фикрҳои мардуми тоҷик мебошад.
Ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ, абадӣ ва умед ба ояндаи обод мебошад.
Тоҷ ва ҳафт ситора дар мобайни ранги сафед ҷойгиранд. Тоҷ – ин рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллӣ ва ҳафт ахтар бошад, рамзи саодат, покӣ ва муқаддас будани рақами ҳафт дар фарҳанги тоҷикон аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” донистаанд. Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Муҳсин Болтаев,
Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода

