Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон, иттиҳоди вайрон нашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқи иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рангҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқ шуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд.
Бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил хоҳад гашт ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқадасоти давлат аз ҷумла парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо таҷассумгари ғурури милли ва ору номуси ватандории мост. Оре, Парчами давлатӣ аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Чи қадар лаҳзаҳои муассиру ҳаяҷонбахш ва низ пурифтихор буданд лаҳзаҳое, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба халқу ватан хидмати фидокорона ба мардум қасам ёд карда сари таъзим ба парчами далати фуруд овард ва бо камоли эҳтирому эътиқод гушаи онро бибусид ба чашм молид.
Бояд зикр намуд, ки Парчами миллӣ дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлати моро тамоми ҷаҳониён мешиносанд. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, таърихиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба Парчами давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ ба хусус Парчами миллӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад, ки бо ин роҳ ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии онҳо боло бардошта мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он, Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот, муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз давлатдории халқи тамаддунофар – тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва каҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Бигзор, Парафшони Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

