• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчами Тоҷикистон – ифтихори гузашта, сарбаландии имрӯз ва умеди фардо

Migration Service by Migration Service
20.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчами Тоҷикистон – ифтихори гузашта, сарбаландии имрӯз ва умеди фардо
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид.
                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ таҷассумгари ҳастии миллат, шукуҳи давлатдорӣ, нангу номус, худшиносии миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми тоҷик мебошад. Он рамзи муқаддасест, ки дар зери сояи он наслҳои гузашта барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, озодӣ, шараф ва соҳибихтиёрии миллӣ талош намуда, наслҳои имрӯз барои таҳкими истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва фардои ободи кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Парчам дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси садоқат, муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро бедор менамояд.

Парафшонии Парчами давлатӣ дар осмони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҳар як шаҳрванди кишвар лаҳзаи сарбаландӣ ва ифтихори бузург аст. Дар он таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги қадима, суннату арзишҳои миллӣ, ормонҳои озодиву соҳибихтиёрӣ ва талошҳои созанда барои зиндагии шоиста таҷассум ёфтаанд. Парчам моро ба гиромидошти гузашта, қадршиносии дастовардҳои имрӯз ва бунёди ояндаи пурифтихор раҳнамоӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсози таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки кишвар ба мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, қабули Парчами давлатӣ нишонаи азми устувори миллати тоҷик барои эҳёи давлатдорӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва бунёди ояндаи мустақил гардид.

Ин рӯйдоди таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баёнгари иродаи халқ барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат дар асоси арзишҳои миллӣ мебошад. Парчами давлатӣ дар он рӯзҳои душвор ҳамчун рамзи умед, ҳамбастагӣ ва эътимод ба фардо хизмат намуда, минбаъд дар тамоми марҳилаҳои рушди кишвар ҷойгоҳи хосса пайдо кард. Таърихи Парчами миллӣ аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик ҷудонашаванда аст. Миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо фарҳанги давлатдорӣ, тамаддуни бузург, арзишҳои созанда ва мероси маънавии худ дар ташаккули фарҳанги минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст. Парчами имрӯзии мо идомаи мантиқии ормонҳои давлатдорӣ, худшиносӣ ва истиқлолхоҳии гузаштагон буда, ба наслҳои ҷавон ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба сарзамини аҷдодиро талқин менамояд.

Таъкид менамоям, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз рамзҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷӯёна, ташаббусҳои созанда, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи рушди устувор мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшида истодааст.

Парафшонии Парчами Тоҷикистон дар назди биноҳои созмонҳои байналмилалӣ, дар чорабиниҳои дипломатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ нишонаи шинохти давлат, эътирофи дастовардҳо ва ифтихори миллии мо мебошад. Ҳар боре ки варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бо Парчами миллӣ ба майдон мебароянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ҳар боре ки намояндагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ бо Парчами давлатӣ ҳузур пайдо мекунанд, эҳсоси ифтихор ва сарбаландӣ дар қалби тамоми мардуми кишвар меафзояд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ободиву шукуфоӣ ва пешрафти устувори кишвар парафшон бошад!

Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Парчам яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ мебошад

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.