• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб

Migration Service by Migration Service
02.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ибтидои қарни бисту як ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти аз рӯи қиёс ва оқибатҳояш бемислу монанд – паҳншавии босуръати шаклҳои гуногуни зӯроварии сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ дучор гардид, ки дар байни онҳо терроризму экстремизм дар амал ба ҳама соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ чун хатари ҷиддӣ таҳдид мекунанд.

Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда, таҳлили амалҳои нави террористӣ, на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Ба амал омадани чунин вазъият сабабҳои худро дорад, ки дар зери таъсири омилҳои мушаххас пайдо мешаванд. Дар ин раванд, терроризм, экстремизми динию сиёсӣ ва ғайра ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани стратегияҳои абарқудратҳо ва ҳимояи манфиатҳои геопалитикии онҳо истифода мегарданд.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки пайравони ифротгароён бо мақсади пайдо намудани ҷонибдорону ҳаммаслакон кӯшиш менамоянд, ки дар миёни оммаи мардум нисбат ба сохтори мавҷудаи ҷамъиятӣ норозигию нобоварӣ ба вуҷуд оваранд. Барои амалӣ намудани ин мақсад онҳо роҳу усулҳои таъсиррасонии психологию иттилоотиро ба кор мебаранд.

Дар чунин шароит ба ҳиссиёт ва эҳсосоти мардум бовар ва эътиқоди онҳо таъсиррасонӣ намуда, дар афкори ҷамъиятӣ рӯҳияи бадбиниро ба вуҷуд меоваранд. Ин ҳолат, махсусан ба қишри фаъоли ҷомеа –ҷавонон бештар таъсир  манфӣ мерасонад.

Бояд гуфт, ки омилҳои асосие, ки боиси рушди экстремизм дар ҷомеа мегардад, зиёданд. Аз ҷумла, дар Осиёи Миёна як қатор созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо метавонанд, ба амнияти миллии мо ҳам хатари азимеро ба бор оранд. Махсусан дар ин минтақа ва кишварҳои ҳаммарзи мо рӯз аз рӯз фаъол гардидани ҳаракатҳои террористию экстремистӣ метавонад, ҷанбаи ифротгароии диниро дар Тоҷикистон сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, иттилоот, дарк накардани арзишҳои динӣ, аз рафти замона қафо мондани ҷавонон роҷеъ ба донишу фарҳанг, камсаводӣ ва ахлоқу одоби инсонӣ ва амсоли инҳо.

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки дар ин раванд танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз менамоянд, ки сиёсати ваҳдатофар ва ватандӯстонаро бо дастгирии миллати худ мустаҳкам намоянд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, тарғиби худшиносӣ ва ватандӯстӣ, маърифати динӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ба роҳ монда шаванд.

Шарипов Тоҳир,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ҷавонони мо – обрӯ ва эътибори миллату давлати худро дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд

Next Post

Чораҳои мубориза бо коррупсия

Next Post
Чораҳои мубориза бо коррупсия

Чораҳои мубориза бо коррупсия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.